Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози Рӯзҳои фарҳангии ДДК –и Маскав дар Тоҷикистон

Оғози Рӯзҳои фарҳангии ДДК –и Маскав дар Тоҷикистон

11-03-2019, 15:35
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Оғози Рӯзҳои фарҳангии ДДК –и Маскав дар Тоҷикистон

Аз 11 то 15 марти соли равон бахшида ба 100-солагии Донишкадаи давлатии киноматографии ба номи С.А. Герасимови шаҳри Маскав дар якчанд кишварҳои собиқ давлати абарқудрати Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии ДДК-и ба номи С.А. Герасимов доир мегардад.
Бевосита дар ин рӯзҳо бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо иштироки ВАО вохӯриҳои судманд, аз қабили нишати матбуотӣ, вохӯрии роҳбарияти ДДК-и ба номи С.А. Герасимов бо роҳбарияти вазорати фарҳанг, Маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио, намоиши як зумра филмҳои ҳунарии донишҷӯёну хатмкунандагони Донишкадаи давлатии киноматографии ба номи А.С. Герасимов, ки арзиши класссиксӣ доранд, дар кинотеатрҳои ба номи Ватан, Зебуниссо ва толори Арғунуни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода (аз 12 то 15 март ройгон намоиш дода мешавад) , кушода шудани Клуби синамои ДДК ба номи С.А. Герасимов дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода, намоишгоҳи корҳои донишҷӯён ва муаллимони факултети санъати тасвирии ДДК ба номи С.А. Герасимов, намоишгоҳи аксҳои филмҳои Тоҷикистон, консерти «Дӯстии донишҷӯён», гузаронидани дарсҳои кушоди маҳорат бо иштироки омӯзгорони барӯманду таҷрибадори ДДУК ва ғайра дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон бо ибтикори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дар Тоҷикистон Кинофестивали якуми байналмилалии филмҳои мустанаду кӯтоҳметражи ҳунарии донишинҷӯйи таҳти унвони «Қатра» доир карда мешавад.
Барои иштирок ба ин Кинофестивали байналмилалӣ аллакай донишҷӯёни кишварҳои Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ӯзбекистон, ҶИ Афғонистон филмҳои мустанаду кӯтоҳметражи худро равон карда истодаанд. Аз рӯи Низомномаи кинофестивали байналмилалӣ танҳо донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои дорои омӯзиши касбҳои режиссёрӣ, операторӣ ва сенариянависию продюсерӣ ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Тамоми жанрҳои филмҳои офарида дар формати НDV 1080 Р25 (МРЕQ -2) қабул карда мешаванд.
Аъзои ҳакамон аз кишвари таъсисдиҳандаи кинофестивал ва хориҷи кишвар интихоб мегарданд. Ҳакамон аз рӯи мавзӯи жанрҳои филмномаҳо ба санъати режиссёрӣ, сенариянависию наворбардорӣ ва образофарии актёрон баҳогузори намуда, ҷойҳоро муайн мекунанд.
Аз номи шогирдони кафедраи режиссёрӣ ва продюсерии ДДФСТ ба кинофестивали байналмилалии "ҚАТРА" филмҳои мустанаду кӯтоҳметражи "Дар роҳи ағба" ( реж. Б.Боев),"Лайка" (реж. С.Набизода), "Шаби висол"(реж. Ҳ.Хидиров), "Ганҷ" (реж. П.Маликов), "Тақдир" (реж.Ш. Исмоилов пешкаш мегарданд.
Ба ғолибон се мукофоти асосӣ муайян шудааст. Ҳамзамон
ба дигар иштирокчиёни кинофестивал, ки ҷойҳои ифтихориро ҳам соҳиб нашаванд, диплом ва туҳфаҳи хотиравӣ дода мешавад.
Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкур 1 сентябри соли 1919 фаъолияти худро оғоз намуда, пас аз фавти кинорежиссёр, драматург ва профессори донишкада Сергей Аполлинарович Герасимов соли 1986 донишкада ба номи ӯ гузошта мешавад. Соли 2008 донишкада ба донишгоҳ табдил дода шуд. Айни замон дар донишкада факултаҳои зерин: режиссёрӣ, актёрӣ, наворбардорӣ, анимасия ва филмҳои тасвирӣ, сенаристию киношиносӣ, продюссер ва иқтисодиёт фаъолият менамоянд. Соли 2008 бо қарори Шӯрои илмии донишкадаи киноматографии ш. Маскав барои омода сохтани мутахассисони санъати тасвирӣ (мусаввир, зинданигор, омӯзгор) дар базаи донишгоҳ Коллеҷи кино, телевизион ва филмҳои тасвирӣ (мультимедия) таъсис дода мешавад, ки то ин дам фаъолияти пурсамари хешро идома дода истодааст.

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: