Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи расмии Кинофестивали «Дидор» дар фазои бошукӯҳ баргузор гардид

Ифтитоҳи расмии Кинофестивали «Дидор» дар фазои бошукӯҳ баргузор гардид

17-10-2016, 13:24
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи расмии Кинофестивали «Дидор» дар фазои бошукӯҳ баргузор гардид
Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» дар фазои бошукӯҳу сатҳи шоиста баргузор гардид.
Кинофестивали байналмилалии «Дидор» дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва навбати ҳафтуми он ба ду санаи таърихӣ мувофиқ омад- яке 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигаре 85- солагии кинои тоҷик.
Мушовири Ёрдамчии калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода ба меҳмонону иштирокдорони кинофестивал, ки аз кишварҳои Русия, ИМА, Эрон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Муғулистон ва соири кишварҳои дуру наздик омада буданд, барқияи шодбоширо аз номи Сарвари давлат қироат намуда, хуш омадед гуфт.
habari-akramРаиси кумитаи тадорукоти кинофестивали байналмилалии «Дидор», раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён зикр кард: «Боиси хурсандист, ки кинофестивали «Дидор» сол то сол дар миқёси минтақа ва кишварҳои шарқ нуфузи бештар касб мекунад. Барои мо шараф аст, ки чунин ҳайати бонуфузи синамогаронро дар сарзамини қадимаи тоҷикон пазироӣ мекунем».
Бояд гуфт, ки кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» то 20 октябр идома меёбад ва дар ин рӯзҳо дар толорҳои (хурду бузург) кинотеатри «Зебуннисо» филмҳои барои фестивал пешниҳодшуда ба тариқи ройгон намоиш дода мешаванд.
Дирӯз то оғози расмии кинофестивал филмҳои «Братан», «Ҳар яке», «Инсайт», «Арӯси замонавӣ», «Сафари ҳавоӣ» дар толори бузурги кинотеатри «Зебуннисо» нишон дода шуда, имрӯз намоиши филмҳои «Коса», «Будан», «Проектор», «Тирамоҳи ҷодугар», «Субҳ ва як рӯз дар пеш», «Ҳастӣ», «Кеч», «Бачаҳои перешон», «Дидгоҳ», «Атлан», «Муроқибат аз ҷунос» ва «Духтар» дар толори хурди кинотеатри «Зебу
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: