МУСОБИҚАИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗӢ1-03-2019, 05:06
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан мусобиқа аз рӯйи намуди тенниси рӯи мизӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев иштирок намуда зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин мусобиқа тарбияи ҷисмонии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии қишри ояндасози ҷомеа мебошад. Хотиррасон менаомем, ки мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз гузаронида шуд ва дар он толибилмони 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.Ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.