Мусобиқаҳои варзишӣ15-11-2018, 08:54
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Мусобиқаҳои варзишии ноҳиявӣ аз рӯйи намудҳои футбол, теннис, шоҳмот, волейбол, гуштин, каратэ бахшида ба Рӯзи ба истифода супоридани агрегати аввалини НБО-и Роғун ва Рӯзи Президент дар ноҳияи Деваштич доир гардида истодаанд. Мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футбол ва тенниси рӯйи мизӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2004-2007 муассисаҳои таълимию дастаҳои мактаби варзишӣ, мусобиқаи шоҳмот ва волейбол байни гуруҳҳои мактаби варзишӣ доир гардиданд. Аксаран ба ин мусобиқаҳо наврасону ҷавонон ҷалб гардиданд. Ҳадаф аз баргузорӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба ин санаҳои муқаддас аст. Инчунин ба роҳ мондани ташаккули ҳаёти солим байни наврасон, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, даъват ба амалҳои созандаву бунёдкорона, дур сохтан аз амалҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, терорризму экстремизм мебошад. Пас аз ҷамъбасти ҳамаи мусобиқаҳо ғолибон ва фаъолон аз ҷониби сарпарастон қадршиносӣ мегарданд. Л.Тӯйчиев мутахассиси таблиғоту иттилооти КИҲХДТ н.Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.