Бемориҳои ВНМО/СПИД муборизаи дастаҷамъонаро талаб мекунад22-02-2019, 05:21
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
ФАРХОР. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зидди СПИД» сурат гирифт. Мавсуф сараввал нуктаҳои дахлдори Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, оид ба зарурат ва аҳамияти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам сухан ронда, кормандони ин ташкилотро ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди ВНМО/СПИД даъват кард. Ҳамчунин, дар ин мулоқот сардухтури Марказ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия А. А Маҷидов иштирок ва суханронӣ намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.