Дар Қазоқистон як моҳи мубориза бо ВИЧ/СПИД эълон шуд11-11-2016, 16:03
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Намояндагони созмонҳои давлативу байналмилалӣ дар умури тандурустии Қазоқистон аз шуруъи моҳи мубориза бо ВИЧ/СПИД хабар медиҳанд. Дар ин кишвар феълан беш аз 26 ҳазор мубталои ВИЧ ё вируси норасоии масунияти одам сабт шудааст. Ба ҷуз аз хатари паҳншавии ин вирус тавассути робитаи ҷинсӣ, бузургтарин роҳи паҳншавии ВИЧ тавассути сӯзандору миёни мубталоёни маводи мухаддир аст. Дар соли ҷорӣ маъракаи мубориза бо ВИЧ зери шиори "Ман ҷонибдорӣ пешгирӣ ҳастам!" аз 10 ноябр то 10 декабр баргузор мешавад. Маркази мубориза ва пешгирии СПИД дар Қазоқистон аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ин маърака ширкат кунанд. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.