Террорист ватану дину миллат надорад!6-02-2019, 09:27
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
“Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархӯрдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат барои васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, зуҳуроти экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм зуҳуроти нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст” – ин нукта зимни мулоқоти намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо наврасони ин шаҳр зикр гардид. Намояндагони кумитаи иҷроияи ҳизб силсилаи вохӯриву мулоқотҳоро бо наврасон ва ҷавонони шаҳр ба роҳ монда, дар онҳо масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроитгароро мавриди муҳокима қарор дода истодаанд. Чунин вохӯриҳо дар се муассисаи таълимии ҳудуди шаҳр баргузор карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.