Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешгирии зуҳуроти номатлуб

Пешгирии зуҳуроти номатлуб

13-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Пешгирии зуҳуроти номатлубТибки накша-чорабинии КИ ХХДТ омӯзиши китоби Асосгузори сулху ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Рахмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар коллеҷи омӯзгории шаҳр бо иштироки кормандони ШКД-и шаҳри Конибодом, кормандони КИШ ХХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Намояндагони ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом нозири минтақавӣ Раҷабов Иброҳимҷон, сардори минтақаи хизматӣ Султонов Бахтиёрҷон, мудири шуъбаи кор бо чавонони КИ ХХДТ Хоҷиев Фирӯзҷон дар вохӯрӣ иштирок ва баромад намуда, оид ба омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайдоиш ва нуфузи равияҳои тундгаро, аз қабили терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва оқибатҳои нохуши онҳо сухан ронда, ба донишҷӯён маълумоти муфассал доданд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки солҳои охир гаравидани аксари ҷавонони гумроҳшуда ба сафи чунин ифротгароён афзуда, оқибатҳои бад пеш меорад. Бинобар он, дар гирифтани пеши роҳи чунин зуҳуроти номатлуб ягон шаҳрванд набояд бетарафӣ зоҳир намояд, махсусан ҷавонони фаъоли ХХДТ, ки қишри фаъолу бонуфузи ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан рафта, беназорат намондани ноболиғону ҷавонон махсусан таъкид карда шуд. Дар навбати худ донишҷӯёни коллеҷ дар вохӯрӣ фаъолона ширкат варзида, ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: