ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ дастпарварони як мактабанд5-02-2019, 09:14
Хабарро хонданд: 360 нафар
Назарҳо: 0
ВОКУНИШ. Ин миллат чун уқёнус вусъати андеша ва дили фарох дорад ва барои тавбашиканҳои бадманиш, ки худро эътирозӣ ва барои тавбашиканҳои бадманиш, ки худро эътирозчӣ ва норозӣ метарашанд ва фақат барои он, ки сафи асолатбохтагонро зиёд намоянд, санг меандозанд посухи сазовор доранд. М. Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро кӯшиш мекунад гумроҳ созад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрую нуфӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳони паст карда истодааст. Ӯ бо аъзоёни ТТЭ ҲНИ як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, Тоҷикистони моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ бо ҳамаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш карданд, ки Тоҷикистони гул гул шукуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби ӯ намеафтанд. Муҳиддин Кабирӣ, ки худ аз аввал дар мактаби зидди Тоҷикистон ва қонунҳои хориҷии онҳо таҳсил кардааст, то ҳол мехоҳад, ки Тоҷикистон ба мисли Яман ва Сурияи имрӯза бошад. Боиси қайд аст, ки М.Кабирӣ ва дигар ҳамаслаконаш мактаби «ДИИШ»-ро ҳанӯз дар солҳои то 90-уми асри 20 гузаштаанд. Он амалҳои даҳшатоваре, ки имрӯз аз тарафи аъзоёни «ДИИШ» ба вуқӯъ мепайванданд, мо бараъло аз оинаи нилгун тамошо мекунему ангушти ҳайрат мегазем. Мардуми Тоҷикистон имрӯзҳо ҳушёру зирак шуда, аз ниятҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ ва М.Кабирӣ ба хуби бархурдоранд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда ва ба арзишҳои исломӣ ҳамчун фарҳангӣ волои маънавӣ-ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаркатҳои экстримистиву терористӣ дар хизмати нерӯҳои манфиатхоҳ дар минтақа қарор гирад. Ҳизбсозию сиёсисозии ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳаргуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд. Кори имрӯзаи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату ватан ва обруву эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Таҳлили фаъолияти ТТЭ ҲНИ тӯли чанд соли охи рва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб таалуқдошта нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсиашон мебошад. Имрӯзҳо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гул-гулшукуфии мамлкатамон имконият намедиҳад, ки дигарбора мардуми шарифи тоҷик фирефтаи дасисабозиҳои ин ҳизб гарданд. Наврӯз ҲУСЕЙНЗОДА, мудири шуъбаи ташкилӣ КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.