Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оё дар Арабистони Саудӣ «Инқилоби сафед» пиёда хоҳад шуд?

Оё дар Арабистони Саудӣ «Инқилоби сафед» пиёда хоҳад шуд?

29-01-2019, 08:41
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Оё дар Арабистони Саудӣ «Инқилоби сафед» пиёда хоҳад шуд?
Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ал-Сауд айни замон ҳокими воқеии кишвар шудааст. Ӯро ҳокиме ном мебаранд, ки метавонад ҳаёти шоҳигариро тағйир бидиҳад ва он аз як кишвари теократӣ ба макони тиҷорату фароғат ба монанди Дубай табдил гардад. Ҳамзамон номи ӯ бо куштори ваҳшиёнаи рӯзноманигор Ҷамол Хошугҷӣ бурда мешавад. Аммо далелҳои бевосита барои ин иттиҳом вуҷуд надоранд.
Корманди бахши арабии ВВС Рашид Саққо ба хотир меорад, ки чи гуна миёнаҳои солҳои 90-и қарни гузашта ба шоҳзодаи наврас дарс медод:
-Соли 1996 ман дар мактаби бонуфузи «Ал-Анҷол» дар Ҷидда ба ҳайси омӯзгор кор мекардам. Рӯзе баногоҳ ба ман занг заданд. Ҳоким (губернатор)-и минтақаи Ар-Риёз шоҳзода Салмон ибни Абдулазиз ал-Сауд мувақаттан ҳамроҳи оилаи худ ба шаҳри бандарии мо кӯч баст. Ба фарзандони ӯ муаллими забони англисӣ лозим шуд.
Шоҳи оянда бо маъмурияти мактаб дар тамос шуд ва дере нагузашта, маро ба қасри шоҳӣ бурданд. Ман бояд ба чанд шоҳзода аз никоҳи якуми ӯ забони англисиро меомӯзонидам-шоҳзода Туркӣ, шоҳзода Нойиф, шоҳзода Холид ва албатта, шоҳзода Муҳаммад.
Ман дар маҳаллаи сарватмандони шаҳр зиндагӣ мекардам. Ҳар субҳ соати ҳафт ронанда маро аз хона мегирифт ва ба мактаби «Ал-Анҷол» мебурд. Баъд аз оне ки дарсҳо тамом мешуданд, маро ба қаср мебурданд.
Дарвозаҳои бузурги муҳофизашавандаро паси сар карда, мошини мо аз назди хонаҳои боҳашамат бо боғҳои ба таври идеалӣ нигоҳубиншаванда, ки дар он боғбонҳо бо либоси сафед кор мекарданд, мегузашт. «Парковка» пур аз мошинҳои қиматбаҳо буд. Маҳз дар ҳамин ҷо ман нахустин маротиба дар ҳаёти хеш «кадиллак»-и нилобиро дидам.
Дар қаср маро маъмури шоҳӣ Мансур ал-Шаҳрӣ-марди миёнасол, ки шоҳзода бо ӯ наздик буд ва дӯстӣ меварзид, пешвоз гирифт.
Мухобирот
Ба шоҳзода Муҳаммад гузаронидани вақт бо муҳофизони қаср дилхуштар буд, магар ин ки дар дарсҳои ман нишастан. Ҳамчун фарзанди калони оила ба ӯ ҳама чиз мумкин буд. Агар ман диққати шоҳзодаҳои хурдиро ҷалб карда метавонистам, ин ҳам то замони пайдо шудани Муҳаммад даст меёфт.
Ёд дорам, боре ӯ воситаи дастгоҳи мухобирот (ратсия)-ро ба синфхона даровард. Дар дарс нишаста, ӯ бо мухобира бо муҳофизон ва бародаронаш гап мезад, бо онҳо шӯхӣ мекард ва баъзан ҷониби ман луқмаҳои қабеҳ мепартофт.
Ҳоло шоҳзодаи 33-сола мансаби вазири шоҳигариро дорад. Ӯ вориси ояндаи тахт аст.
Аз ҳамон замон, ки соли гузашта ӯ ба ҳокими воқеии кишвар (падараш бемори ҷиддӣ ва қобилияти роҳбариро аз даст додааст) табдил ёфт, ӯ кӯшиш мекунад худро ҳамчун ислоҳотхоҳ нишон диҳад. Нигоҳ накарда ба муқобилияти бунёдгарони динӣ, шоҳзода як қатор ислоҳоти иқтисодиро, ки кишвар ба онҳо ниёз дошт, рӯйи кор овард ва барномаи либералии барои ин шоҳигарии хеле усулгаро (консервативӣ, куҳнапараст)-ро оғоз намуд.
Мушоҳидон ислоҳотро тарафдорӣ мекунанд, аммо Муҳаммадро барои халалдор намудани ҳуқуқи инсон, амалиётҳои тамомнашаванда дар Ямани ҳамсоя ва замони ахир-дар алоқа бо куштори рӯзноманигор ва мунаққиди ҳукуматдорони саудӣ дар консулгарии кишвар дар Истамбул айбдор мекунанд. Ҳукуматдорон дар алоқа ба ин куштор ба 11 нафар айбнома эълон намуданд, аммо, маълум, исми шоҳзода дар ин рӯихат нест, чун эълон шудааст-далели даст доштани ӯ ба ин ҳодиса вуҷуд надорад.
«-Як рӯз шоҳзода маро ба ҳайрат гузошт, вақте гуфт, ки модараш-шоҳбону маро «ҷентлмен (ҷавонмард)-и ҳақиқӣ» мешуморад,-ба хотир меорад Рашид Саққо. Ма ягон маротиба бо шоҳбону вонахӯрда будам-дар Арабистони Саудӣ занҳои ашроф худро ба шахсони бегона нишон намедиҳанд. Ягона зане, ки ман дар қаср дида будам, ин хидматгорзани филиппинӣ буд.
Ман намедонистам, ки аз паси ман пайваста мушоҳида бурда мешуд. Шоҳзода ба ман камера (дастгоҳ)-ҳои сабти дохилиеро, ки дар деворҳо ноаён насб шуда буданд, нишон дод. Аз ҳамон лаҳза ман ҳангоми дарс додан худро ноҳинҷор ҳис мекардам.

Ман хеле зуд бо шоҳзода Муҳаммад ва хешовандони ӯ наздик шудам. Нигоҳ накарда ба он, ки шогирдони ман шоҳзодаҳое буданд, ки дар шукуҳу шаҳомат ва сарвати зиёд калон шуда буданд, дар дарсҳо онҳо худро ҳамчун кӯдакони муқаррарӣ нишон медоданд-ба онҳо дарс хондан завқ дошт, аммо онҳо бозӣ кардан мехостанд.
Иштибоҳ
Рӯзе маъмури қаср Мансур ал-Шаҳрӣ хабар дод, ки шоҳи оянда мехоҳад бо ман аз наздик шинос шавад. Салмон мехост бифаҳмад, ки омӯзиши фарзандонаш дар чӣ сатҳ аст. Ман фикр кардам, ки ин баҳонае аст барои муҳокима кардани рафтори шоҳзода Муҳаммад.
Ман дар назди дари қабулгоҳ вориси тахтро ҳамроҳи дигар омӯзгороне, ки гумон мекунам, бо қоидаҳои дарбор шинос буданд, интизор шудам.
Ҳангоме ки назди мо шоҳи оянда баромад, муаллимон дарҳол аз курсиҳо хестанд. Ман бо ҳайрат менигаристам, ки чи гунна онҳо пайи якдигар ба Салмон наздик мешаванд, таъзим мекунанд, дасти ӯро мебӯсанд, зуд оид ба таҳсили фарзандонаш суҳбат карда, як тараф мераванд.
Вақте навбати ман расид, ман фаҳмидам, ки ба Салмон таъзим карда наметавонам. Ман ягон вақт ғайр аз намоз ба ягон кас таъзим карда набудам. Ва интизор нашуда, ки тарс маро фаро бигирад, ман дасти шоҳи ояндаро гирифтам ва сахт фишурдам.
Ман табассуми ҳайратовари ӯро дидам, аммо вориси тахт сухане оид ба иштибоҳи ман ба забон наовард.
Ман дар навбати худ ба ӯ оид ба рафтори ношоистаи Муҳаммад дар дарсҳои худ нагуфтам-то ин замон ман ба қароре омада будам, ки корро анҷом дода, ба Британия баргардам.
Баъд аз чанде ал-Шаҳрӣ маро барои вайрон намудани этикет (қоида)-и дарборӣ сахт сарзаниш кард.
Ғайр аз шоҳзода Муҳаммад ва шоҳзода Холид, ки баъдан сафири шоҳигарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд, дигар ягон аз шогирлони ман мансаби назаррас нагирифтанд.
Имрӯз, вақте мебинам, ки чи гуна шогирди собиқам шоҳзода Муҳаммад дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои худро мегузорад, ман замони омӯзгории худро дар оилаи шоҳӣ ҳамчун лаҳзаҳои аҷиби зиндагии худ мешуморам».
Қадамҳои шоҳзода Муҳаммад дар дохили кишвар таъсирбахш ҳастанд. Ӯ алалхусус миёни ҷавонон маъруфият дорад. Муҳаммад хазинае бо номи худ барои ҷавонони муҳтоҷ бунёд кард. Чанде қабл ӯ ба хабарнигорон гуфт, 70 фоизи аҳолии шоҳигарӣ ҷавонони то сини 30-сола ҳастанд ва ин одамон «зиндагиеро мехоҳанд, ки дар он дини мо-ҳаммаънои таҳаммулпазирист». Ӯ ваъда дод, ки дар фурсати наздиктарин боқимондаҳои ифротигарии диниро барҳам хоҳад зад.
«Мо ба замони пеш хоҳем баргашт-ба кишвари исломи муътадил, ки барои тамоми дин, анъана ва одамони тамоми дунё дарҳояш боз аст»,-гуфт ӯ дар вохӯрӣ бо сармоягузорони хориҷӣ. Ба сифати сарвари Хазинаи сармоягузории давлатӣ охири соли гузашта оид ба шурӯи лоиҳаи бузурги NEOM- «шаҳри фардо» эълон дошт. Дар назар аст, он 25 ҳазор метрии квадратиро дар бар гирифта, дар он мутахассисон аз тамоми ҷаҳон зиндагӣ ва фаъолият хоҳанд кард. Шоҳигарии Саудӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ният доранд ба ин лоиҳа ним триллион доллар маблағгузорӣ кунанд. Ин на он қадар камтар аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2016 аст.
Дар масъалаи гендерӣ низ ӯ иқдом мегузорад. Ба занони шоҳигарӣ иҷозати рондани мошин дода шуд.
Ӯ ба ҳайси роҳбари Шӯро оид ба иқтисодиёт ва рушд барномаи «Нигоҳ-2030»-ро дар маҷлиси ҳукумат ироа кард. Тибқи ин барнома, бояд сектори энергетикӣ, тиб ва маориф, қисми саноати ҳарбӣ, заминҳои давлатии истифоданашуда хусусӣ шуда, дигар шохаҳои саноат, ки ба истихроҷи нафт робита надоранд-саноати кӯҳӣ, бонкҳо, туризм рушд кунанд.
Амалҳои ӯ «Инқилоби сафед» дар Эронро мемонад, ки шоҳи марҳум Муҳаммад Ризошоҳ мехост роҳандозӣ кунад ва кишвари консервативиро ба кишвари ҳозиразамони рушдкарда табдил диҳад.
Аммо дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои шоҳзода он қадар бурдбор нестанд. Бо иштироки ӯ кишвар ба муноқишаи ҳарбӣ дар Яман ворид шуд, ки анҷоми он ҳоло маълум нест. Шахси дуввуми давлат, ӯ натавонист эътилофи пурқуввате барои сарнагун кардани президенти Сурия Башор Асад созмон диҳад. Бад шудани муносибат бо Қатар баҳори гузашта низ бо иштироки бевоситаи ӯ сурат гирифта буд. Лоиҳаи бузург оид ба хусусигардонии «сутуни Арабистон»- ширкати нафтии ARAMCO (ширкати нафтии Амрикову Арабистон) низ суст пеш меравад.
Ғайр аз ин, барои ҷаҳиш «аз ваҳҳобизм ба демократияву рушд» як қатор омилҳои дохилӣ монеа мешаванд. Дар кишвар омор бурда намешавад ва маълум нест кадом ҳиссаи аҳолӣ ниятҳои шоҳзодаро дастгирӣ хоҳад кард-аммо ҷомеаи арабистонӣ консерватор (кӯҳнагаро) аст ва ба чунин дигаргуниҳои босуръат омода нест. Ҳатто баъзе ислоҳоти эҳтиёткоронаи шоҳ Салмон, аз қабили додани ҳуқуқи ронандагӣ ба занон дар ҷомеа норозигӣ ва эътирозҳоро ба миён овард. Амалҳои Муҳаммади ҷавон ба қисми куҳнагарои элита ҳам маъқул нест. Вориси пешинаи тахт, Муҳаммад бин Нойиф аз ӯ 25 сол бузургтар аст ва бунёдгузори барномаи давлатии мубориза бо исёнгарон ва вазири корҳои дохилии муваффақ ва кам фасодзада) ба ҳисоб меравад. Дар артиш ва хадамоти амниятӣ Муҳаммади 32-соларо ҳамчун ҷавони бемасъулият қабул доранд. Ҳамчунин гуфтаҳои ӯ оид ба табдил додани Арабистони Саудӣ ба «шоҳигарии исломи муътадил» ба кайфияти руҳонияти ваҳҳобӣ хуш намеояд.Таҳлилгарон мегӯянд, маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки шоҳзода Салмон алайҳи як қатор ҳарифони хатарнок чора андешид ва онҳоро аз саҳнаи сиёсӣ дур кунад. Аммо ғалабаро ҷашн гирифтан ҳоло барвақт аст.
Табаддулоти давлатӣ оё дар шоҳигарӣ имкон дорад? Дар таърихи Арабистони Саудӣ кӯшишҳои кудато буданд ва коршиносон мегӯянд, шоҳзода Муҳаммад бояд аз ин хавф дошта бошад. Барои бобарор истодагарӣ кардан бо ин хатари эҳтимолӣ ӯ бояд дар бозиҳои сиёсӣ хуб иштирок карда тавонад ва ҷиноҳҳои гуногунро муқобили якдигар шӯрониданро ёд бигирад. Сенарияе, ки дар он шоҳзодаро доираҳои ҳарбӣ ё рӯҳонӣ дур хоҳанд сохт, ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Зарбаи ногаҳонӣ ва аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ҳарифон ба Муҳаммад бинни Салмон имтиёзи тактикӣ дод, аммо натиҷаи набард барои ҳокимият дар шоҳигарӣ маълум нест. Дар оянда мо кадом Арабистонро хоҳем дид-«Дубайи сонӣ» ва ё кишвари теократӣ бо қавонини асримиёнагӣ-инро вақт нишон хоҳад дод.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: