Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Арабистони Саудиро тағйиротҳои ҷиддӣ интизор аст?

Арабистони Саудиро тағйиротҳои ҷиддӣ интизор аст?

14-11-2017, 10:48
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Арабистони Саудиро тағйиротҳои ҷиддӣ интизор аст?
Меросхӯри тахти саудӣ, вазири мудофиаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад бини Салмон бо рӯзномаи либералии бритонии The Guardian мусоҳибаи калон дойир кард.
Шоҳзода, ки бо вуҷуди ба бемории Алтсгеймер (камақлӣ ва нотавонии пиронсолӣ) гирифтор шудани падараш-шоҳи кишвар Салмон ибни Абдулазиз ал-Сауд ҳокими воқеии кишвар маҳсуб мегардад, ба Ғарб ваъда додаст, ки шоҳигариро ба «ҷомеаи кушода» табдил хоҳад дод ва барои ин иқдом кумак хостааст.
Ӯ изҳороти ҳангомабарангез карда, аз ҷумла гуфт, ки зиндагӣ дар ин шоҳигарии ултра-консервативӣ (кӯҳнагароёна) 30 соли ахир «берун аз эътидол» буд. Сабаби инро валиаҳд дар доктринаҳои шадиди мазҳабӣ мебинад, ки дар ҷавоб ба «шок»-и Инқилоби исломии Эрон соли 1979 дар мамлакат рӯйи кор омаданд.
Муҳаммад бини Салмон гуфт, ки Саудӣ ният дорад минтақаи мустақили иқтисодии 500-миллиарддоллариро бунёд гузорад, ки ба ҳайати он Урдун ва Миср шомил хоҳанд гашт. Сухан оид ба хати 470-километраи соҳили баҳри Сурх меравад, ки ният доранд онро ба минтақаи сайёҳӣ ва маркази технологӣ-либералии пешрафтае чун Дубай табдил бидиҳанд. Корҳои сохтмонии ин минтақаи иқтисодӣ соли 2025 ба анҷом хоҳанд расид. Он қувваи барқро аз ниругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ гирифта, барои даҳҳо ҳазор нафар ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳад гашт.
Валиаҳди тахти саудӣ изҳор дошт: «Мо кишвари Бистгонаи Бузург ҳастем. Мо аз иқтисодиёти бузургтарини олам маҳсуб мегардем. Мо дар маркази се қитъа ҷойгир ҳастем. Тағйирёбии Арабистони Саудӣ ба самти мусбӣ маънои тағйирёбии мусбӣ барои минтақа ва ҷаҳонро дорад. Мо кӯшиши роҳандозӣ намудани ин иқдомотро дорем. Барои ин мо аз ҳама ба кумак ниёз дорем».
Шоҳзода ҳамчунин илова намуд: «Чизе, ки 30 соли ахир рух дод, ба Арабистони Саудӣ ҷойиз нест. Чизе, ки 30 соли ахир ба амал омад-ин Ховари Наздик нест. Баъд аз инқилоби исломии соли 1979 бисёриҳо хостанд мудел (тарҳ)-и эрониро дар кишварҳои худ амалӣ созанд, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ низ. Мо намедонистем бо ин чӣ хел истодагарӣ кунем. Ва ин мушкилот ба тамоми олам паҳн гардид. Акнун замоне расидааст, ки аз ин қазия озод гардем».
Ба хонандагон хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи инқилоби исломӣ таҳти раҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ баҳори соли 1979 Ҷумҳурии Исломии Эрон созмон дода шуд. Моҳи марти ҳамон сол созишномаи сулҳи Кэмп-Дэвид (миёни Исроил ва Миср) ба имзо расид. Натиҷаи ғайричамдошти ин ҳодисаҳо чунин буд, ки тарафдорони «исломи анъанавӣ» ва ифротиёни динӣ ба дасти худ «силоҳи нав»-еро барои ғайриқонунӣ эълон намудани режими муқтадиртарини дунявии минтақа (Эрон) дастрас карданд, ки онро акнун метавонистанд бо ҷурми ҳамкорӣ бо «шайтони саҳюнистӣ» муттаҳам намуд. Соли 1400 ҳиҷрӣ (21 ноябри соли 1979) бо шӯриши исломиҳои ифротӣ ва муҳосираи Масҷиди Набавии Макка хотирмон буд. Тамоми иқтидори «аждаҳо»-и саудӣ, ки аз нафтдолларҳо «фарбеҳ» шуда буд, барои саркӯб намудани чандсад ифротие, ки яке аз муқаддасгоҳҳои исломро забт карда, фарорасии давраи нав-омадани «Маҳдӣ»-ро эълон ва режими шоҳигариро лаънат хонданд, нарасид. Дар ин бора метавон аз маводи «Рӯзи Қиёмат-1979. Лабханди ефрейтори саудӣ» мутолиа намуд.
Меросхӯри шоҳи Арабистон ҳамчунин гуфт: «Мо танҳо ба он замоне бармегардем, ки пеш ба сар мебурдем-замони исломи муътадил, ки дарҳояш ба тамоми ҷаҳон ва тамоми дину эътиқодот боз аст. 70 фоизи сокинони кишвар синнашон аз 30 поён аст. Мо намехоҳем 30 соли дигарро барои ҷанг бо тафаккури ифротӣ сарф кунем. Мо мехоҳем ин тафаккурро худи ҳозир ва зуд нобуд кунем».
Валиаҳд Муҳаммад оид ба инқилоби ҳақиқии фарҳангӣ ва созишномаи нави иҷтимоӣ миёни давлат ва шаҳрвандон сухан ронда, афзуд: «Мо мехоҳем барои фарзандон зиндагии нави иҷтимоиро муҳайё кунем. Барои ҷавонон дилхушиҳо лозим ҳастанд-мо мебинем, ки дилсарданд ва норозигӣ миёни онҳо зиёд шуда истодааст. Барои занон ҳуқуқи рондани мошинро додан лозим аст, то ин ки онҳо ба анҷом додани корҳояшон раванд. Ин амали ногузир аст, бе ин мо маҳкумшудаем. Ҳама инро медонад. Касе, ки аз ин огоҳ нест, зуд дарк хоҳад кард».
Дар ин замина Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз ал-Сауд, муовини сарвазир ва ҳамзамон сардори Хазинаи давлатии сармоягузории кишвар оид ба шурӯъ намудани лоиҳаи «NEOM» хабар дод. Дар асоси он барномаи ҳукумати Арабистони Саудӣ таҳти унвони «Vision-2030» қарор дорад, ки барои ба «модели олитарини рушд дар ҳама самтҳо» табдил додани мамлакат равона карда шудааст. Лоиҳа бо иштироки сармояи ватанӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.
То чӣ андоза ин нияти ҷадиди инқилобии ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ барои аз кишвари теократии иртиҷоӣ ба давлати пешрафтаи муосири ҷаҳонӣ табдил шудани он амалӣ мегардад, вақт нишон хоҳад дод.
Дар ин асно, тибқи маълумоти ахир, дар кишвар 11 шоҳзода, 4 вазир ва 34 вазирони собиқ бо ҷурми даст доштан ба фасод ба ҳабс гирифта шуданд. Дар қатори онҳо миллиардерҳои маъруф, чун Валид ибни Талол (дороӣ-17 миллиард доллар тибқи маълумоти Forbes), Солеҳ Абдулло Камол (12 миллиаард доллар) ва дигар ашхоси бонуфузи ин кишвар ҳастанд. Ҳолати мазкур бо ташаббуси Кумитаи тозатаъсиси мубориза алайҳи фасод, ки сарвараш валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон аст, сурат гирифт. Ин дар таърихи Арабистони Саудӣ амали бесобиқа аст. «Инқилоб» оғоз гардид?...
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: