Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

2-11-2018, 14:33
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

02.11.2018 10:51, шаҳри Душанбе


Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории сулҳу субот, фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи робитаҳои гуногунсамта бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоид дар миқёси сиёсӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар ин замина муҳимияти ҳамгироии давлатҳо дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон,таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар шароити кунунӣ манфиатҳои муштараки кишварҳои мо дар ҳамаи самтҳо дучанд афзун гардида,ҷавҳари онҳоро мафҳумҳои субот, амният ва пешрафту баланд бардоштани рифоҳияти мардумонамон ташкил медиҳанд ва моро зарур аст, ки мазмуну мундариҷаи сифатан нави муносибатҳои ҳамкориамонро таъмин карда, онҳоро ба ниёзҳои имрӯза ва манфиатҳои миллии ду кишвар комилан созгор намоем.

Дар раванди муборизаи муштарак бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки соли 2016 дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имзо шудааст, заминаи хуби ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар доираи муқаррароти ин созишнома имкон ҳаст, ки ҳамкориҳои байни идораҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва прокуратураҳо дар шаклҳои барои ҷонибҳо мақбул тавсеа бахшида шаванд.

Аз мусоидати пайвастаи Маркази Шоҳ Салмон дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва идомаи самарабахши ҳамкориҳо дар ин самт тибқи мувофиқаҳои бадастомада, таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, техникиву фарҳангӣ ва дар ҳошияи он доир намудани ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ва Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, натиҷаҳои ин чорабиниҳо омили муҳими таҳкиму густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии ду давлат арзёбӣ гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ имкониятҳои фаровони ҳамкориҳои судмандро доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: