ФАЪОЛОНИ ҲНИТ БОЯД ДАР НАЗДИ ҚОНУН ҶАВОБ ГЎЯНД10-04-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 489 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, ки тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона гардидааст ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани обрўву нуфузи давлатамон дар арсаи байналхалқӣ равона намуда, дар ин самт барномаҳои дурнамо таҳия ва амалӣ гардида истодаанд. Ҳеҷ як таҳдид ба монанди муроҷиатномаи Муҳиддин Кабирӣ ба давлатҳои Аврупоӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ оиди бегуноҳии аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон натавонист обрўву нуфузи ин ҳизбро дар байни мардум зиёд намояд. Зеро мардум хуб огоҳ шуданд, ки ин ҳизб танҳо ба корҳои зишту гўё масъалаҳои динӣ машғул буда, ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум ҳеҷ кореро анҷом надодааст, балки боигарии худ ва хешовандонашонро зиёд намуданд. Бояд қайд кард, ки ҲНИТ худро ҷонибдори сулҳу ваҳдат тасвир намуда, аммо барои он аз соли 1997 то имрўз ягон тадбирҳои амалӣ наандешид ва онро тарғиб ҳам накард, балки сиёсати дурўягӣ ва ҷангҷўёнаро тарғиб намуд. ҲНИТ доим арз мекард, ки ба хотири манфиатҳои миллӣ сиёсати сабру таҳаммулро пеш гирифтааст, лекин дар асл амалҳои онҳо акси ҳолро нишон медоданд. Имрўз мо хотирамон ҷамъ аст, ки ин ҳизб ба сиёсати дохилии давлати мо дахолат намекунад, зеро вай ба ин кор дигар ҳуқуқи маънавӣ надорад. Мо мехоҳем, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў ба Ватан баргардонида шаванд ва дар назди қонун ҷавоб диҳанд, чунки ягон амали онҳо бар манфиати давлату миллат набуд, баръакс зарарҳои бузург бар сари мардум овард. Бояд зикр кард, ки сохторҳои қудратӣ нисбати баъзе аъзоёни ҲНИТ ва узви раёсати он, чораҳоро дар асоси қонун андешидааст. Ҳатто Ҳизби наҳзати ислом иштироки ҷавонони тоҷикро дар ҳайати дастаҳои ҷангии исломигароёни Ироқу Сурия мусоидат кард. Бояд қайд намуд, ки ин ҳизб ба давлату миллати хеш хиёнат намуд ва мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар пойтахти кишвар мебошад, ки тамоми ҷаҳониён аз ин огаҳ гаштанд. Айни ҳол чун аъзоёни ҳизб бо роҳи ихтиёрӣ аз ҳизб даст кашидаанд ва 13 нафар аъзоёни раёсати ҳизб боздошт шудаанд, Кабирӣ мехост, ки онҳо озод гарданд ва ҳизб аз сари нав фаъолияти худро давом бахшад, вале воқеияти имрўза баёнгари он аст, ки аҳли ҷомеа дигар бардошти ин ҳизб ва фаъолияти онро дар қаламрави Тоҷикистон надоранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз ҳамин ҲНИТ дар солҳои вазнини 90-ми таърихи навини Тоҷикистон сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, ки натиҷааш ба ҳама маълум. Дигар ин, ки агар ба таърихи пайдоиши ҳизби номбурда таваҷҷўҳ намоем, ҲНИТ дар замони шӯравӣ, солҳои 80-уми асри сипарӣ шуда пайдо гашта, пинҳонӣ амал мекард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони шӯравӣ ҳар гуна ҳизбу ҷараён ва ё гурўҳ бе мададу дастгирии пуштибони хориҷӣ, бе тайёрии ҷиддӣ фаъолият бурда наметавонист. Ин ҳолат касро беихтиёр ба он далолат мекунад, ки дар гузашта дар ташкил ва фаъолияти ғайрилегалии ҲНИТ омилҳои беруна даст доштанд. Мушаххастар гўем, он солҳо душманони Иттифоқи Советӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна фактори исломро ҳамчун инструменти мубориза истифода мебурданд, ки он аз ҳама василаи хуб ва қулай маҳсуб меёфт. Шубҳае нест, ки дар баробари пошхўрии СССР ва пайдо шудани фазои холии сиёсӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Тоҷикистон боз фактори исломи сиёсӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин маврид ба сифати фактори таъсиркунанда ҲНИТ интихоб гардид, ки он «муҳаббат ба Ватан ва ҷонфидоиро дар амал нишон дод» - (иқтибос аз М.Кабирӣ). Бо ин амалаш ҲНИТ мутобиқи гуфтаи шоир аллома Иқбол «деҳқонеро мемонад, ки барои дигарон кишт». Чизи дигаре, ки бовариро ба самимияти ҲНИТ коста мегардонад, ин масъалаи мавҷудияти имконоти (потенсиали) роҳбарикунандагӣ, ташкилотчигӣ, кадрӣ, аз ҷумла, кадрҳои соҳибихтисосу соҳибкасби ҲНИТ мебошад. Оё ҳизби номбурда чунин потенсиалро дорост? Далели дигаре, ки нигаронкунанда мебошад, ин даст доштани ҳизби ҲНИТ ба актҳои террористие, ки 4 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби ҳаммаслакони ҳизби номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон содир кардаанд. Чи тарвре, ки маълум аст, додситонии кулли Тоҷикистон собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода айбдор кард. Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро айбдор кард, ки дар ошӯби сентябрии гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, даст дорад. «Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.” Чи тавре, ки Додситонии кулли ҶТ изҳор дошт, алайҳи “саркардагон”-и ин гурӯҳ ва “ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадани Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст. Бино ба ин изҳорот, 13 тан аз раҳбарон ва аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ, ки «баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд». Ин 13 нафар, ки додситонӣ рӯйхаташонро нашр кардааст, ба даст доштан дар «амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода» гумонбар мешаванд. Аҳли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бар он ақидааст, ки бояд иштирокчиёни фаъоли амалҳои террористӣ дар ҶТ дар назди қонун ва ҷомеа бо тамоми қатият ҷавоб гўянд. достент Акмалова М.А., достент Якубов Ҷ.К. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.