Мавриди зикр аст, ки дар қатори дигар мардуми шарафманди Тоҷикистон аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб низ ба таври дастҷамъона Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) мустақим тамошо карданд, ки барои худ роҳнамоеро ҷиҳати вусъат додани фаъолияти хеш дарёфтанд.
Зимни Паёми худ Сарвари давлат соли 2018-ро соли дастовардҳои беназир ва таърихӣ унвон доданд. Дастгирии ташаббуси чоруми ҷаҳонии Роҳбарии Олии кишварамон дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», боло рафтани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО “Роғун”, ки кохи азими нур қалбҳои мардуми тоҷикро барои ояндаи дурахшон дилгарм намуд, ки чунин руйдодҳои муҳимму хотирмон дар асл таърихи будани соли 2018-ро собит менамоянд. Натиҷаҳое, ки дар соли 2018 ба он муяссар гардидем, ҷиҳати расидан ба зирндагии арзандаву шоиста қадамҳои устуворона мебошанд.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём диққати махсус дода шуд, ин таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ буд. Дар ин росто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун роҳбари дурандеш ва ғамхор нисбат ба Ватану миллати хеш таъкид доштанд, ки “...пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад”.
Амнияти миллӣ ва минтақавиро яке масъалаҳои меҳварӣ Паём қарор додан саривақтӣ мебошад. Зеро дар чунин шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, воқеан, асоси рушдёбии дилхоҳ давлат аз амният ва сулҳу суботи он вобастагии калон дорад. Пас дар ин миён таъкидҳои созандаи Роҳбарияти Олии кишварамон, ки дар боло аз он ёд кардем, дуруст мебошад.
Аз ин нуқтаи назар моро мебояд, ки новобаста дар кадом кору вазифа қарор доштанамон, саъю кӯшишҳои худро пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар сафарбар намоем. Ҷаҳд намоем то муборизаи мардумро бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва ғайра тақвият бахшем. Ва мардумро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ равона созем.
Нуқтаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”. Инчунин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки “Дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд...” Дар ҳамин замина Пешвои миллат як қатор масъалаҳое, ки ба дастгирии давлативу сиёсии ҷавонону занон марбут буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ба мақомоти марбута дастуру тавсияҳои муфид дод.
Дар ин маврид мо занонро мебояд, ки дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳангӣ милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм фаъолноки нишон дода, саҳмгузорӣ намоем. Ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳиву ватандӯстиро дар қалби занону ҷавонон баланд бардорем.
Паёми Пешвои миллат асоси дилгармии ҳар шаҳрванди соҳибандеша бобати танзими зиндагӣ ва фаъолияти масъулиятноки ӯ дар ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳандозӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат дар миёни аҳолӣ вохӯриву суҳбатҳо доир намуда истодааст. Дар ин замина мо кормандони масъули ҳизбӣ дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳамзамон дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда мегузорем ва аз ин роҳ масъулияти шаҳрвандонро низ баланд мебардорем.
Раиси КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб
Валиева Саъбагул Амировна