Ҳизбиёни сарзамини Ёвон низ ободкору созандаанд16-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамарӯза корҳои ободонию кабудизоркунӣ, созандагию бунёдкорӣ ва бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар ноҳияи Ёвон идома дорад. Дар моҳи августи соли равон ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ ба ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Дар сафари навбатии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдатро ифтитоҳ намуда, барои оғози фаъолияти як қатор корхонаҳои азими саноатӣ ҳусни оғоз мебахшад. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ зимни сафари кориашон ба ноҳияи Ёвон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳамарӯза шанбегиҳо доир карда мешавад. ![]() Дар шанбегии мазкур аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, аҳли коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникӣ, муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия якдилонаву сарҷамъона иштирок намуда, дар мавзеъҳои муайянгардида шанбегӣ мегузаронанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.