
9 январи соли равон мулоқоти гуруҳи кории ҲХДТ дар шаҳри Твери Федератсияи Русия бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон доир гардид. Дар ин сафар ҳайати гурӯҳи кориро, ки ба он Роҳбари Дастгохи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, Сармуҳаррири ҳафтаномаи "Минбари халк" Бахтиёр Ҳамдамов ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода шомиланд, муовини Сардори хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия Саид Боев ҳамроҳӣ мекунад.

Дар суҳбат Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Твер Муқимҷон Майбалиев таъкид кард, ки ҷамъият ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳу фирқаҳои иртиҷоӣ ва диниву мазҳабӣ пайваста чораҳои муассир меандешад. Ӯ инчунин зикр намуд, ки имрӯз дар сохторҳои давлатӣ ва бахши тиҷорати вилояти Твер аз ҳисоби ҷавононе, ки дар муҳоҷират кордон шудаанд, мутахассисони зиёди ҳирфаӣ ва соҳибтаҷриба фаъолият доранд, ки барои баланд бардоштани имиҷи тоҷикон ба таври даркорӣ мусоидат менамояд. Яке аз муваффақияти тоҷикони Твер дар он аст, ки, - таъкид намуд М.Майбалиев, - мо байни ҳамватанон дар асоси мансубияти мазҳабӣ ва ё маҳал тафовут намегузорем. Барои мо мафҳуми "миллати тоҷик*" ва ё "шаҳрванди Тоҷикистон" муқаддас аст.

Ҳайати сафари корӣ ба роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твер ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани мулоқот, дастгирии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори сипос намуданд .