СОЛИ БОБАРОР БУД31-12-2018, 08:42
Хабарро хонданд: 625 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб аз натиҷаи фаъолияти худ дар соли 2018 қаноатманд аст. Мо нақшаи солонаро дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати беҳтар шудани фаъолияти кори ташкилотҳои ибтидоӣ амалӣ намудем. Дар ин самт ба мо ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳо саҳми худро гузоштанд. Ҷиҳати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидон суҳбату вохӯриҳо гузаронидем. Бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши ҷавонон, бахши кор бо дини МИМҲД-и ноҳия мизҳои мудаввар дар мавзӯи «Экстремизм, терроризм» баргузор кардем. Дар якҷоягӣ бо намояндагони расмӣ аз марказ ва ВМКБ, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Фелалиев Акрамшо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону аскарони қисми ҳарбӣ, дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия вохӯрӣ доир шуд. Ба муносибати таҷлили ҷашни 27-уми солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Кумитаи иҷроия ба се кӯдаки ниёзманд ёрӣ расонда шуд. Дар маҷмӯъ барои хариди лавозимоти хониши онҳо ҳамагӣ 450 сомонӣ пардохт шуд. Ин гуна ёриҳои моддӣ аз ҳисоби ҳақи аъзогии воридшуда дода мешавад. Барои хатнасури кӯдакони камбизоат аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ зиёфати идона барои кӯдакон ва волидони онҳо ба маблағи 3000 сомонӣ сарф шуд. Инчунин ба ду кӯдак дар маъракаи мазкур сарулибос ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ тақдим гардид. Аз рӯйдодҳои муҳиму хотирмон барои аъзои ҳизб чи дар ҷумҳурӣ ва чи дар ноҳия ба кор даромадани агрегати якуми неругоҳи барқи обии «Роғун» буд.Бо мақсади хотирмон гузаштани ин рӯз дар ноҳия, аз ҷониби созмони ҷавонони «Созандагони Ватан» «аксия» ташкил ва бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш баргузор шуд. Мардуми ноҳияи дурдасти мо дар он рӯзҳо баробари ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистон хурсандӣ доштанд. Ж. Акжаров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мурғоб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.