Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дӯст он бошад, ки гирад дасти дузд...

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дузд...

28-12-2018, 09:34
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 0
       Дӯст он бошад,  ки гирад дасти дузд...
Андешаҳо пас аз муаррифии китоби Саломиддин Мирзораҳматов «Оинаи каҷи демократияи тоҷик»
Акнун фарзияи нави дубайтии маъруфи Шайх Саъдӣ дар мавриди дӯстони нонӣ,ҷонӣ ва забонӣ дар ҳикояти хирадманде чунин расонаӣ шуд. Дӯстон 4 хел мешаванд. Аввалан, дӯстон мисли ғизо ҳастанд. Одам ҳар рӯз ба он ниёз дорад. Дуюм, дӯстон мисли дору-дар мушкилӣ, беморӣ лозим мешаванд. Саввум, дӯстон чун дард туро меҷӯянд. Чорум дӯстон чун ҳаво-ҳар рӯз намебинӣ, вале бе он зистан мушкил аст.
Саломиддин Мирзораҳматов дӯсти ман нест.Аммо барои дӯстон ӯ ҳамчу ҳаво зарур аст. Ба хусус дар чунин давре, ки фирориёни аз ақл фироркардаи тоҷик дар Аврупо алайҳи Тоҷикистон ҷанги сард эълон кардаанд.
Бо Саломиддин Мирзораҳматов бори охирин дар шаҳри Хуҷанд соли 1999 дучор шудам. Мо аз доираи мавзӯи дӯстдоштаамон –бузургии Ҷаббор Расулов, Отахон Латифӣ ва чанд тан журналистони “раисноманавис” гап задем. Фаҳмидам, ки дар баробари мутолиа ва омӯзиши ҳаррӯза ба тиҷорат низ машғул аст. Он вақт хеле кам тоҷирони тоҷики беруна тиҷорати тоза мекарданд. Аз ин рӯ, барои идораҳои қудратии Ҷумҳурии Қазоқистон ҳар соҳибкори тоҷик “наркобарон” менамуд. Саломиддин бо замину ғалла сару кор дошт. Аз дӯстам- журналисти варзида Насибҷон Амонӣ, ки солҳо боз муқими Алмаато аст, шунидам,ки дар асл ҳам тиҷорати хеле шаффоф ва ҳалоли Саломиддин ба худи қазоқҳо низ маъқул буд. Аз тиҷорати нон нонреза мехӯрд. Баъдан нахустин «бомба»-и Саломиддин Мирзораҳматов дар матбуот таркид. Дар мавриди китобҳои ғафси Бӯрӣ Карим баҳси домандор ба амал овард. Аксари аҳли баҳс мантиқи воқеӣ ва далелҳои оҳанини Саломиддинро писандид. Саломиддин ғайбат намекунад. Неку бади ҳамкасбон ва мансаборонро дар матбуот ошкоро мегӯяд.
Бори охирин номаи чопнашудааш дар мавриди Итифоқи журналистони Тоҷикистон ба ман расид. Воқеан, Саломиддин узви Иттифоқи журналистони СССР буд. Тибқи Қарори Анҷумани 2 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамаи аъзоёни Иттифоқи журналистони СССР ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Вале Саломиддин ҳоло шаҳодатномаи намунаи навашро нагирифтаст. Журналист ва поягузори матбуоти дастҷамъии хусусӣ Хуршеди Атоулло он вақт бо ҷаҳл гуфта буд.”Агар Саломиддин Мирзораҳматов журналист набошад, пас ман аробакаш ҳастам”.
Ба насли нави журналистон ёдрас мекунам, ки дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми қарни 20 мактаби журналистикаи “Коммунист Таджикистана” пурқувваттарин озмоишгоҳи эҷодӣ буд. Бахусус, ин академияи журналистони русизабони маҳаллӣ маҳсуб меёфт. Навиштаҳои Рустам Абдуллоев, Назардод Ҷонбобоев, Саломиддин Мирзораҳматов, Ҳулкар Юсуповро барои журналистони рус мисол меоварданд. Дар ин ҷода аз хидмати Ғойиб Қаландаров, Картигина, Отахон Латифӣ, Михаил Талвик, Нур Табаров, Леонид Маҳкамов чашм пӯшидан лозим нест.
Пас аз силсила мақолаҳои Саломиддин Мирзораҳматов оид ба “Овчарка”- ҳои Ғарб ва дурӯғократҳои Аврупо дар баҳсҳои бидуни интишоротӣ Саломиддинро “Агенти КГБ” ва фарди истихдомшуда эълон карданд. Аввалан Саломиддин барои тамаллуқ ниёз надорад. Дуввум, имрӯз мӯд шудааст, ки агар касе дар мавриди дастовардҳои кишвар ва падидаҳои мусбати сиёсии Тоҷикистон аз берун сухан кунад, онро дарав “Ҷосуси КАМ” эълон мекунанд. Мантиқан, соли 2018 2020 нафар журналистони хориҷӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ, ки сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ карданд, ҳам “ҷосус”-и КАМ будаанд. Аксари ин муаллифон ҳатто роҳбарияти ин ниҳодро аз наздик надидаанд.
Дар омади гап, академик Саймумин Ятимов файласуф, олим, таҳлилгар ва устоди донишгоҳ аст. Агар ба даҳ шогирдаш баҳои 5 монад, пас онҳо ҳам “агент” ҳастанд. Банда шахсан Ятимовро 42 сол пеш дида будам. Он сол нахустин шаби назм дар ноҳияи Рӯшон бо иқдоми устод Ширин Бунёд (ёдаш ба хайр) барпо гардид. Ман чун ҳаҷвнигор чанд ҳаҷвияи барои он давр сахт қироат кардам. Баъди ду рӯз дар шаҳри Хоруғ ба идораи даҳшатафкани КГБ даъват шудам. Се гуноҳи ман- қироати ҳаҷвия ба забон шуғнонӣ, раиси комиҷроияро ба Хирс ташбеҳ додан ва ОБХСС-ро дирижёри муш гуфтанро эълон карданд. Бино ба хулосаи ин корманд, баромади ман ба бехатарии СССР таҳдид мекард. Баъди як ҳафта корманди ин идора- шодравон Зоҳиршо Мукаиршоев маро даъват карда, узр пурсид. Баъди сӣ сол дар шаҳри Москва собиқ корманди КГБ СССР дар ВМКБ, генерал- лейтнант Аркадий Еделов ба ман гуфт, ки он вақт корманди қатории фаврии шуъбаи кумитаи КГБ дар ноҳияи Рӯшон Саймуъмин Ятимов шуморо сафед карда буд. Дар низоми оҳанин ва идеологияи пурқуввати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳифзи маънавиёти мардуми Помир он вақт қаҳрамонӣ буд. Воқеан ба ҳамаи “фейсбукчиёни” дунё арз мекунам, ки дар таҷрибаи ҷаҳонии истихдоми хадамоти иктишофӣ ба журналистон кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Зеро мо, журналистон табиатан дурӯғгу ва муболиғасоз ҳастем. Хадамотҳои махсус аз лағжонак будани мо низ огоҳ ҳастанд. Барои ин сирри давлатиро ба дурӯғнавис, муболиғасоз, калаванда бовар кардан хатарнок аст.
Соҳибкор ва сарвари муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Твери Федератсия Русия Муқим Майбалиев боре ба мусоҳибаҳои Алим Шерзамони фирорӣ дар Полша эътироз намуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро “Ҷосуси Душанбе” эълон карданд.
-Ман ақалан аз идораҳои қудратӣ як занги телефонӣ мешунидам, худро ба сафедкунӣ кӯшиш намекардам. Вале то он дам ман ҳатто намедонистам, ки Ятимов аз ВКХ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузаштааст, -гуфт Муқим дар яке аз мусоҳибаҳояш.
Бо ибораи хеле маъмулии давр “Саломиддин, Муқим, Девид Трелингро фурӯхтан мумкин, аммо харидани онҳо имконнопазир аст”.
Мақолаҳои дандоншикану нишонраси Саломиддин Мирзораҳматов хеле сода, вале бо далелҳои муътамад навишта мешванд. Ин мактаби журналистикаи Шӯравӣ буд. “Ҷаноб”-и Далел Рақам мифтоҳи асосӣ ва қимати навиштаҳо буд. Саломиддин дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ низ “ду зарби ду чор” буданро кӯшиши 5 гуфтан намекард. Чи навъе, ки имрӯз идае аз ҳамкасбони мо дар Аврупо талош мекунанд, ки “ду зарби ду”- ро 5 гӯянд.
Саломиддин шояд барои тиҷораташ аз харидорон фармоиш гирад. Аммо ба қаламаш фармоиш гирифтан барои ӯ баробари марг аст. Ман шоҳид будам, ки соли 2004 шахси шуҳратталаб аз Саломиддин дар ивази ҳамдастӣ дар тиҷорат навиштани китоби таърифиро хоҳиш кард. Аммо Саломиддин ин фармоишро рад карда буд. Муаррифии китоб иқдоми шахсии рӯзномаи “Минбари халқ”, бахусус бо кӯшиши сардабири он Бахтиёр Ҳамдамов бидуни ягон супориш тарҳрезӣ гардид. Метарсам, боз ҳам иштирокчиёни маҳфилро дар шабакаҳои иҷтимоӣ “ҷосус” эълон накунанд.
Аврупои ноором ва пурмоҷаро имрӯз ба зиёиёни фирорӣ ниёз дорад. Зеро аврупоиён дар фирории тоҷик заррае нафрати зидди Русияро эҳсос мекунанд. Онҳо ба дуздони андеша ва хоинон эҳтиёҷ доранд. Барои ин ҳам дӯстро аз рӯихати “Интерпол” интихоб мекунанд. Ба қавли Хайрандеш:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дузд...

Наҷмиддин Шоҳинбод

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: