Ҳақиқат барои Кабирӣ марговар аст! Ё кӣ кӣ аст? Додоҷони Атовулло ва онҳое, ки ба ӯ нафрат доранд27-12-2018, 08:36
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкорӣ надоштан бо шарр-қарзи мост, ҳамчун ҳамкорӣ бо хайр. Маҳатма Ганди. Ҳолати шокии Муҳиддин Кабирӣ ва таблиғотчиёни ӯ баъд аз нашри маводи ошкоркунандаи Додоҷон- «Каванда» («Сабади бофташуда». ФБ. Додоҷони Атовулло, 4 ноябри соли 2018) дер давом накард. Барои аз ин ҳолати ноҷо баромадан ва террори навбатиро алайҳи Додоҷон оғоз намудан маводи навбатии ӯ-«Тавба» (ФБ. Д.А. 29 ноябри соли 2018) кумак расонд. «Тавба»-и Додоҷон-ин иқдоми Шаҳрванд ва Ватандӯст аст! Ҳиссаи гуноҳи худро дар фоҷеаи тоҷикон дар соли 1992 эътироф намуда, ӯ назди хотираи 150 ҳазор кушташудагон тавба кард. Ва ин иқдом намунаи маънавӣ барои тамоми иштирокчиёни воқеаҳои фоҷеабори оғози солҳои 90-и қарни гузашта аст. Бояд ташкилкунандагони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-91-ум дар Қӯрғонтеппа, ки соли 92-ум ба майдонҳои Душанбе кӯчиданд ва Тоҷикистонро ба ду қисми мухолиф ҷудо намуданд, онҳо низ бояд тавба кунанд. Бояд ташкилкунандагони Фронт (Ҷабҳа)-и Халқӣ ва тамоми мушоҳидакунандагони МУХОЛИФАТ дар ду майдон-«Шаҳидон» ва «Озодӣ» низ тавба кунанд. Ин МУХОЛИФАТ дар натиҷа ба ҷанги хунинбор овард. Миёни дурӯғпардозони Кабирӣ Темур Варқиро нахуст фикр ба сар омад-бояд маънои маводро дигаргун карда, онро ҳамчун «тавба назди ҳукуматдорони Тоҷикистон» ҷилва дод. Аллакай дар рӯзи дигар дар тамоми сомонаҳои Кабирӣ маводҳои монанд пайдо шуданд-Додоҷон тавба кардааст! Яъне, ӯ фурӯхташудаи Ҳукумати Тоҷикистон аст! Мо доимо оид ба Додоҷони фурӯхташуда менависем, аммо кам касон бовар мекунанд! Акнун ҳама бояд бовар кунанд! Додоҷон, тавба карда, ба ин иқрор шуд! Акнун, ки ӯ тавба кардааст ва фурӯхта шудааст, яъне ӯро бояд минбаъд ҳам дашном дод, тӯҳмат кард, номи ӯро сиёҳ намуд ва дар симои ӯ шахси «радди маърака»-ро дар ҷомеаи тоҷик сохт. Дар ин росто бояд «сталинист», «коммунист», «атеист», «марксист», «гумоштаи Ятимов», «фитнагар», «пири камақл» Саломиддин Мирзораҳматовро низ террор кард. Мумкин асабаш боло гирад ва бигӯяд: «Равед шумо!» ва хомӯш шавад. Ин беақлҳо то ҳол дарк накарданд, ки нисбати ман карикатураҳоро паҳн карда, онҳо бамаротиб шумораи шахсонеро зиёд карданд, ки ба Кабирӣ ва хидматгорони ӯ нафрат доранд. Кӣ ба ин сафсатта бовар хоҳад кард-С.Ятимов, сардори хадамоти махсуси Тоҷикистон, «ҳомӣ»-и тиҷорати ман дар Қазоқистон аст!Дар Қазоқистон тиҷоратро қонунҳои ин кишвар ҳимоят мекунанд, на хадамоти махсус! Дар ин маъракаи ифлос боз ҳамон Темур пештоз аст: «Ман чандин бор ин…(яъне Додоҷон-С.Мирзораҳматов) наҷот додам, вақте ба ӯ гӯё (?!) сӯиқасд карданӣ буданд, вақте ӯро баъд аз омадан аз Олмон аз фурудгоҳи Москва гӯё (?!) ба Душанбе интиқол доданӣ буданд. Маротибаи охир, он вақт, ки гӯё (?!) ӯ дар фурудгоҳи Тифлис боздошта шуда буд. Ба ман ба наздикӣ (?!) гуфтанд, ки ӯ ба он ҷо парвоз накарда буд». Темур боз мегӯяд: «Баъд ба ман гуфтанд (?!), ки ӯро хурӯҷи дарди куррӯда гирифтааст»-ин дар хусуси «гӯё сӯиқасд»- С.М. Ман на як бору ду бор Темурро «Хари маънавӣ» номидам. Аммо ман иштибоҳ кардам. Танҳо пастфитраттарин махлуқ метавонад, қаблан дониста, ки козибияш ошкор мешавад, чунин бешармона дурӯғпардозӣ кунад. Чи гуна Темури «абарқудрат» Додоҷонро аз сӯиқасд наҷот додааст, агар ин сӯиқасд набуд? Ягон кӯшиши интиқол додани Додоҷон аз Москва ба Душанбе набудааст, аммо Темур боз ӯро наҷот дод. Чи тавр? Он вақт ӯ ба ҳайси директори Хадамоти Федеролии Амният (ФСБ) ё Прокурори генералии Русия фаъолият дошт? Вақте козибии Темур тавассути маводҳои нашрияҳои русӣ, аз ҷумла сиёсатшиноси маъруф Аркадий Дубнов ошкор шудан гирифт, ӯ хари маънавии дигар-Олег Сандро Панфиловро ба кумак хост.. Олег: " Ин (яъне Аркадий Дубнов-С.М.) дӯсти ӯ дар таблиғот аст». Темур: «Аркаша (яъне А.Дубнов) таблиғотчии ҳамакора, одатан аз рӯйи гуфтаҳои Додик менавишт». Темур: " Олег, рафиқ оид ба ҳодиса дар фурудгоҳи Тифлис мепурсад». Олег: "Рафиқ Додик дар рӯихати сурхи Интерпол буд, ӯ ба рӯихат аз ҷониби Тоҷикистон ворид шудааст. Дар Тифлис танҳо расмият буд-боздошт карданд, раҳо доданд…аммо «қаҳрамон» шуҳратро хост». Темур озурдаҳол аст! Дӯсти наздиктаринаш дар пастфитратӣ ӯро дар дурӯғпардозӣ ошкор кард ва тасдиқ намуд: Додоҷон ба Тифлис парвоз карда будааст! Вале барои он ки Темур хафа нашавад, оид ба «қаҳрамонӣ» сухане илова кард. Аз рӯйи мантиқи Олег, Додоҷон махсус ба Тифлис парвоз кардааст ва дар фурудгоҳ хадамоти махсуси гурҷиро хоҳиш кардааст, ки ӯро ақаллан як соат боздошт кунанд, то шуҳратро ба даст орад. Салом Олег! Ту ҳанӯз ҳам зиндаӣ? Ман фикр кардам, ки баъди маводи ман (ФБ, «Сиёсат ин тиҷорат аст», 4 сентябри соли 2017), ки дар он туро ба тамоми дунё шарманда кардам, ту худатро овехтӣ! Дуруст мегӯянд, ки «танҳо гӯр кӯзапуштро ислоҳ мекунад». Ман дигар исбот нахоҳам кард, ки Темур дурӯғ мегӯяд. Дар ин мақола ман маводҳои дигар нашрияҳо оид ба сӯиқасд ба Додоҷон, кӯшиши интиқоли ӯ ба Тоҷикистон, боздошти ӯ дар фурудгоҳи Тифлисро овардаам. Дар манзари ин маводҳо симои дурушти Темур ва дурӯғгӯёни ба ӯ монанди Кабирӣ равшантар ҷило мекунанд. Ҳақиқат дар бораи худ барои Муҳиддин Кабирӣ марговар аст! Барои ҳамин барои хидматгузорони ӯ як роҳ мондааст-пайваста Муҳиддинро аз ин ҳақиқати марговар наҷот додан. Барои ин алайҳи он шахсоне, ки дар бораи ӯ ҲАҚИҚАТРО менависанд, бояд террори маънавӣ оғоз намуд, то онҳо хомӯш шаванд. Ошкоркунандагонро таҳқир карда, муваққатӣ ҳам бошад, таваҷҷуҳро аз худ дур кардан мумкин аст. Аммо офтобро бо доман пӯшида намешавад. Далелҳои нави алоқаи наздики ӯ, дар гузаштаи начандон дур, бо хадамоти махсуси Тоҷикистон «рӯйи об» баромадан доранд. Маълум гардид, ки пеш аз фирор аз Тоҷикистон Кабирӣ, тибқи иқрори худаш, суҳбати чорсоата бо Саймумин Ятимов доштааст. Ҷузъиёти ин суҳбатро ӯ ошкор намекунад. Танҳо метавон ҳадс зад, ки оид ба чӣ «чекист»-и асосӣ ва «исломист»-и асосии Тоҷикистон суҳбат карданд. Мумкин, дастур нисбати амният, паролҳо ва ҷойҳои вохӯрӣ дар хориҷро муҳокима карда буданд. Ман дасти С. Ятимовро фишурдан мехоҳам! Ӯ дар ҳақиқат дорои касбияти баланд аст! Дар тамоми замон ба хадамоти махсус имкон даст медод, ки ба сафҳои оппозитсия гумоштаҳои худро ворид кунанд. Аммо сарвари ҳизби оппозитсиониро ба ҳамкорӣ ҷалб кардан-ин ҳодисаи нодир аст! Браво, ҷаноби Ятимов! Пастфитраттарини асосӣ дар Эътилофи лӯхтакмонанд худи Муҳиддин аст. Баъд аз мақолаҳои ошкоркунандаи Додоҷон дар ду моҳи ахир ӯ бояд худро ба дор меовехт. Ба худ омад ва фармон дод, ки минбаъд низ ӯро аз ҲАҚИҚАТ наҷот бахшанд. Тамоми таблиғоти Кабирӣ дар пояи дурӯғ истодааст. Барои ҳамин ҳам сафи Эътилофи ӯ бо ашхоси шубҳанок пур мешаванд. Чанд вақт аст, ки вирди Эътилофи дурӯғин як чеҳраи асроромез чарх мезанад-Ҳумайрои Бахтиёр. Вақте ӯ дар Олмон пайдо шуд, рӯзноманигорони тоҷик оид ба ӯ ҳамчун журналисте навиштанд, ки аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон дучори таъқиб шудааст. Ҳумайро бо қатъият ин хабарро рад кард ва изҳор дошт, ки ба Олмон барои донишандӯзӣ омадааст. Рӯзноманигорон маҷбур шуданд аз ӯ узр пурсанд. Вале ба наздикӣ дар мусоҳибаи худ дар сомонаи «Кимиёи Саодат» ӯ худро ҳамчун оппозитсионер муаррифӣ кард. «Ман дар Эътилоф нестам,-иброз дошт ӯ,-ман худам танҳо дар оппозитсия ҳастам». Ҳамчун дар филми дӯстдоштаи тасвирии шӯравӣ «Простоквашино»: «Ман гурба ҳастам, ман худ бо худам ҳастам!» Айни замон Ҳумайро иштирокчии фаъоли тамоми чорабиниҳои Кабирист. Муҳиддин, барои он ки муносибатҳои асроромези худро бо ин «фирорӣ»-и дилкашу ҷавон пинҳон дорад, барои ӯ ном, ё мақоми «Хоҳар Ҳумайро» фикр карда баровард. Ман на як бору ду бор оид ба розӣ набудан бо Додоҷон дар бисёр масъалаҳо навишта будам. Бо ин сабаб миёни мо бисёр вақт баҳсҳои тезутунд рух медиҳанд. Ман ҳарифи принсипиалии Додоҷони идеалист ҳастам. Аммо имрӯз ман танҳо барои он, ки ӯ дар ҳолати бетарафии томи қариб тамоми аҳли зиёи тоҷик ба қувваи фанатикӣ ва хунхӯр, ки барои чӣ бошад Ҳизби исломӣ номида мешавад, ҷанг эълон кардааст, бо Додоҷон паси як сангар қарор дорам. Ин ҳамон ҳизбест, ки дар оғози солҳои 90-ум дар майдонҳои Душанбе тамоми арзишҳои исломиро зери по кард. Ин ҳамон ҳизбест, ки баҳори соли 1992 дар майдони «Шаҳидон» худро ҳамчун ташкилоти террористӣ муаррифӣ кард. Муҷоҳидони ҷангҷӯ ба майдон зери лату кӯб норозиёнро меоварданд. Ин ҳамон ҳизбест, ки бо ҷангҷӯӣ ва таҳаммулнопазирии худ тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро алайҳи мардуми асли баромадашон аз Тавилдара, Рашт, Бадахшон муттаҳид карда, ба бунёди Фронти Халқӣ сабабгор шуд. Имрӯз ин ҳизб баъд аз кӯшиши бебарори табадуллоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 зери ниқоби Эътилофи Миллӣ (?!) бо фармоиши хоҷагони эронии худ нақшаи таҳмили боз як инқилоби хунин ба Тоҷикистон дорад. Муҳиддин Кабирӣ хуб дарк мекунад, ки инқилоби навбатӣ дар мисоли гӯштқимакунаки соли 1992 ин садамаи бузург аст ва дар сурати он Тоҷикистон ба Афғонистони сонӣ табдил хоҳад шуд. Аммо аз ин нияти даҳшатнок ӯ бо ду сабаб даст кашида наметавонад: 1. Аллакай тӯли 26 сол хадамоти махсуси эронӣ лоиҳаи «Судури инқилоби исломӣ»-ро маблағгузорӣ мекунанд. 2. Ин лоиҳа Муҳиддинро ба яке аз ашхоси сарватмандтарини Тоҷикистон табдил дод. Чи гуна метавон аз лоиҳае, ки ҳарчанд пиёда нашуда, аммо фоидаи зиёд меорад, даст кашид? Додоҷон ба Муҳиддин, рӯзноманигорони кисагии ӯ ва дигар махлуқоте, ки ба навиштан машғул ҳастанд, чеҳраи манҳус аст, чунки ӯ пайваста мақсадҳои аслии онҳоро ошкор мекунад. Додоҷон ба ивазкунандагони (ибораи Александр Солженитсин) аҳли зиёи тоҷик, ки пинҳонӣ Муҳиддин Кабириро дастгирӣ намуда, тоҷикони муқими Аврупоро даъват ба тарафдории ӯ мекунанд ва худ айни замон паси парда ниҳон ҳастанд, низ нафратовар аст. «Додоҷонро розӣ кунед, ки ба Кабирӣ бипайвандад»,-ҷор мезананд онҳо тариқи телефон,-агар ӯ инро нахоҳад, ба ҳар ҳол ба ӯ кордор нашавад. Муҳиддин инсони хуб аст!». Додоҷон ба Муҳиддин ва ивазкунандагони ӯ барои мавқеи аниқи шаҳрвандии худ нафратовар аст-агар миёни ҳукумат ва ҳизби исломӣ интихоб кардан лозим бошад, ӯ ҳукуматро интихоб хоҳад кард. Садҳо ҳазор тоҷиконе, ки оид ба фоҷеаи миллии соли 1992 хуб медонанд, дар ин қатор онҳое ҳастанд, ки дар «дӯстдорӣ» ба ҳукуматдорони имрӯза муттаҳам карда намешавад, маҳз чунин андеша доранд. Охирсухан. Вақте ки ман ин маводро омода мекардам, маро ҳиссиёти эътирофи гуноҳ назди сагон ором намегузошт. Дар маводи пешинаам дар Фейсбук аз 26 ноябри соли ҷорӣ ман ду маротиба ин ҷонварони вафодору зеборо таҳқир кардам, вақте ки оид ба ноҷавонмардӣ, козибӣ ва пастфитратии Мирзо Салимпур ва дигар таблиғотчиёни Кабирӣ таъкид карда будам. Чи гуна ин ҷо чунин мисраҳоро ба ёд наоварем: Сагеро тарбият кардам, ки бо ман ёр мегардад, Надонистам, ки саг хун мехӯрад, хунхор мегардад. Ва боз: «Додоҷон ва таблиғотчиёни Кабирӣ чунин саҳнаро мемонанд-раҳгузар ва саги кӯчагӣ. Раҳгузарро дида, саг аккос мезанад. Раҳгузар ба саг аҳамият намедиҳад, ё каме тарс медиҳад: Гум шав аз ин ҷо! Ва саг ав-авро бас накарда, ба фирор рӯ меорад». Сагон ҳайвоноти вафодор ҳастанд. Дар муқоиса ба Мирзо Салимпур, Равшани Темуриён ва дигар ифлосиҳо, ки барои як луқма нон дар гирди Кабирӣ ҷамъ омадаанд, сагон ба хиёнат қодир нестанд. Сагони азиз! Маро бубахшед! Ман шуморо туҳмат кардам ва паст задам! Шумо аз ҳамаи он нобакорони ман номбаркарда беҳтар ҳастед! Саломиддин Мирзораҳматов Тарҷумаи Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.