Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Публисистикаи Саломиддин Мирзораҳматов

Публисистикаи Саломиддин Мирзораҳматов

15-12-2018, 11:31
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Публисистикаи Саломиддин Мирзораҳматов
Бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи "Минбари халқ", бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи "Публисистикаи Саломиддин Мирзораҳматов муаррифгари чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ" ва муаррифии китоби мавсуф бо унвони "Кривое зеркало таджикской демократии" мизи мудаввар баргузор гардид.
Саломиддин Мирзораҳматов ҳамчун публисисист ва журналисти тавоно дониста шуда, дар навиштаҳои худ ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои таърихсозӣ миллати моро хеле мӯшикофона ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Фаъолияти эҷодии номбурда асосан фарогири ду бахш аст. Дар бахши аввал ӯ умдатан аз фаъолият ва корнамоии шахсиятҳои маъруф ҳарф мезанад, ки дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг, таърих ва тарғиби арзишмандҳои милливу башарӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар бахши дуввуми эҷодиёти худ бараъкс фаъолият ва тасмимҳои шахсоне, ки ҳамеша манофеи маҳдуди шахсӣ ва гурӯҳии худро фарози манфиатҳои миллӣ гузоштаанд, гоҳҳо бо лаҳни танзомез, фош месозад.
Ҳамчунин дар доираи Мизи гирд навиштаҳои Саломиддин Мирзораҳматов, ки бо унвонии "Кривое зеркало таджикской демократии" ба шакли китобча гирд оварда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳтавои он аз кирдори тахрибкоронаи баъзе лидерони гурӯҳҳои иртиҷоии солҳои навадуми қарни гузашта нақл мекунад ва насли ҷавонро хушдор медиҳад, ки аз пайравӣ бо ин гурӯҳҳо парҳез кунанд.
Дар ин ҳамоиш Низом Қосим, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, профессор Абдусаттор Нуралиев, Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Хуршед Ниёзов, директори Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон, Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Шариф Ҳамдампур, сардабири ҳафтаномаи Тоҷикистон, Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Бахтиёр Муртазоев, нависанда ва публисист, Ҷумъа Қуддус, рӯзноманигор ва драманавис, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар нишаст ҳамчунин устодони факултети рӯзноманигории ДМТ, устодону донишомӯзони факултети фалсафа ва сиёсатшиносии ДДОТ, устодону донишҷӯёни ДДФСТ иштирок намуданд, вааз онҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: