Дард, ки куҳна шуд, табобаташ душвор, ҳатто ғайриимкон мегардад24-05-2018, 08:33
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
Чанд рўз пеш ҷониби коргоҳ мерафтам, ки ногоҳ ҷавоне дар роҳ беҳол шуда афтид. Марде тахминан 45-50-сола саросема ба назди ҷавон рафт ва сари ўро аз замин бардошта, аҳволпурсӣ кард. Дид, ки ҷавон дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад, аз одамони он ҷо ҷамъомада хоҳиш кард, то зудтар ба ёрии таъҷилӣ занг зананд. Зане, ки он ҷо ҳузур дошт зуд ба ёрии таъҷилӣ тамос гирифта, вазъиятро фаҳмонд. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ одамон ба рўи ҷавон об пошида ўро ба ҳуш оварданд, вале ҷавон мадори аз ҷой хестану ҳаракат кардан надошт. Мард аз ҷавон такроран пурсид: - Писарам, ба ту чӣ шуд, чаро худ ба худ афтидӣ? Ё беморӣ? - Не, акаҷон, худам намедонам чаро беҳуш гаштам. Чунин ҳолат ба ман ягон маротиба рух надода буд. Худам низ ҳайронам... Баъд аз 15 дақиқа мошини ёрии таъҷилӣ расида омад. Ва як зани миёнасоли хилъати сафедпўш назди ҷавон рафта, фишори хунашро санҷид. Муоинаи кўтоҳи духтур маълум намуд, ки ҷавон аз фишори баланди хун афтода беҳуш шудааст: - Солҳои охир байни ҷавонон фишорбаландӣ зиёд мушоҳида мешавад. Дар тўли як моҳ ин панҷумин ҷавон аст, ки мо чунин бемориро дар онҳо мушоҳида мекунем гуфт ў. Ин ҳодисаро дида, ба худ савол додам, ки чаро имрўз баъзе аз наврасону ҷавонон ҷисман заиф, камқувват ва ҳатто лоғаранд? Сабаб дар истеъмол накардани хўроки хуби ғизонок аст ё ин ки вақти зиёди худро ба олами маҷозӣ (бештари вақташон дар назди компютер, интернет мегузарад...) бахшидаанду ва фурсати ба варзиш машғул шудан надоранд? Воқеан, чи боис шудааст, ки ҷавонон ҷисман заифу камқувват шудаанд? Ин саволҳо маро водор кард, то рў ба ин мавзўъ биёрам ва омилҳои онро аз мутахассисон маълум намоям. Яке аз ҳамсуҳбатони мо Баҳромҷон Пирмаматов, омўзгори фанни тарбияи ҷисмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аст. Ў мегўяд, воқеан, имрўз наврасону ҷавонон ҷисман заифанд, чун камтар ба варзиш машғул мешаванд. Баръакс, вақти зиёди худро ба бозиҳои компютеру телефони мобилӣ ва интернет мегузаронанд ва ба онҳо шавқи беандоза доранд. - Ман солҳои охир мушоҳида мекунам, ки имрўз хонандагони синфҳои поёнӣ нисбат ба хонандагони синфҳои болоӣ завқу таваҷҷуҳ ба фанни тарбияи ҷисмонӣ бештар доранд. Хонандагони синфҳои болоӣ ба он камтар аҳамият медиҳанд. Ба машғулияти ҷисмонӣ на ба либосҳои варзишӣ, балки бо либосҳои “расмӣ” (шиму костюму галстук) меоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шавқу ҳаваси онҳо ба варзиш камтар аст. Онҳо андеша намекунанд, ки машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш боиси ташаккулёбии узвҳои инсон мегардад. Муайян шудааст, ки дар бадан нисбат ба ҳолати оромӣ дар вақти варзишу меҳнат бисёртар хун гардиш мекунад. Чи қадаре ки мушак бисёр кор кунад, хамон қадар моддаҳои ғизоӣ ва оксиген ба он дохил мешаванд. Дар ҳолати ба варзиши бадан машғул шудан нахҳои мушак инкишоф ёфта, одам пурқувват мешавад. Варзиши бадан ба тамоми организм таъсири мусбат расонида, саломатии инсон мустаҳкам мешавад, одам обутоб меёбад ва ба ҳар гуна таъсироти номуътадили беруна мутобиқ мешавад. – таъкид намуд Б. Пирмаматов Вале назар ба гуфтаи ҳамсуҳбати дигари мо - омўзгори фанни тарбияи ҷисмонии МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Сулаймон Ашўров таваҷҷуҳи хонандагон ба варзиш, пеш аз ҳама, аз муаллим вобаста аст. Агар муаллим кўшиш кунад ва дарсро ҷолиб гузаронад, наврас низ ба тарбияи ҷисмонӣ дил мебандад: - Имрўз бархе аз омўзгорон худ ба варзиш ва машғулияти тарбияи ҷисмонӣ кам завқ доранд. Агар онҳо худ завқ надошта бошанд, чӣ гуна каси дигарро тарбия дода метавонанд? – мегўяд вай. Як сабаби дигари ҷисман заиф ва беқувват будани наврасону ҷавонон ворид шудани гўшти гов, мурғ, гўсфанд ва ҳоказо аз дигар давлатҳо мебошад. Гўште, ки аз дигар кишварҳо ворид мешавад, дар таркибаш маводи химиявии зараррасон дорад. Мо аз куҷо медонем, ки онҳо ҳайвонҳои хонагии худро чӣ тавр парвариш кардаанд, бо истифодаи дору ё дигар элементи химиявӣ ва ба ватани мо ворид намудаанд? Мо бояд парвариши чорво ва паррандагони хонагии худро зиёд кунем. Маҳсулотеро, ки барои ғизои кўдаку наврас зарур асту ўро ҷисману ақлан инкишоф медиҳад, истифода барем. Аз гўшти зарарноки онҳоро хўрдан,наску лубиёву нахўд ё дигар донагиҳои парваришкардаи худро истифода барем, ҳазор маротиба беҳтару безарартар аст. Ғизои хуб насли наврасро ҷисман ва ақлан ташаккул медиҳад, инро илм борҳо исбот кардааст. Мушкилоти дигаре, ки наврасонро ҷисман заиф кардааст, ин нодуруст истеъмол кардани хўрок мебошад. Имрўз ман мушоҳида мекунам, ки хонандагон аз ошхона бештар пирожки, чебурек, ҳасиби дар нон печонидашуда, хотдог истеъмол мекунанд, на хўрокҳои ба мисли шўрбо, лағмон, ош, манту ва ғайраро. Ҳол он ки ғизонокии хўрокҳои тезтайёр пасттар аст. Ин хўрокҳо аз хамир тайёр шудаанд, равғани зиёд доранд, дар меъда хеле дер ҳазм мешаванд. Аз камҳавсалагии волидон аксари хонандагон субҳ наҳорӣ накарда, ба мактаб меоянд. Имрўз на танҳо дар ошхонаву дўконҳои мактабҳо, балки дар дохилу гирду атрофи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар низ чунин хўрокҳо фурўхта мешавад. Ин гуна ғизоҳои зудтайёр ба организм зараровар буда, табодули моддаҳоро вайрон, миқдори тестостеронро кам ва иммунитетро заиф намуда, хатари сар задани бемориҳои саратон ва диабети қандро меафзояд. Касоне, ки муддати тўлони ин гуна ғизоҳоро истеъмол мекунанд, дучори норасоии витаминҳо мегарданд. Дигар омиле, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба тарбияи ҷисмонӣ кам кардааст, ин кам будани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар нақшаи таълимии имрўза дарси тарбияи ҷисмонӣ кам аст. Дар як ҳафта ду маротиба. Хуб мешуд, ки он се соат дар ҳафта мебуд, чунки миқдори ҳозира хонандаро қаноатбахш намекунад. Соатҳои машғулиятҳои тарбияи ҷисмониро имрўз дар муассисаҳои таълимӣ зиёд кардан лозим аст. Барои он ки шахс аз хурдӣ, яъне дар мактаб завқ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мекунад”. Гулхумор Амирова, директори Маркази саломатии шаҳрии №1 мегўяд, айни ҳол давраи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати аскарӣ давом дорад ва ў ҳамчун мутасаддӣ аз ноҳия даъватшавандагонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. “Ҳангоми муоина маълум гардид, ки дар байни ҷавонон бештар бемориҳои норасоии вазн, гурда, камхунӣ, бавосир (геморрой), мардина (грижа) паҳнпоӣ, фишорбаландӣ ва камвазнӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Вақти ташхис мо табибонро зиёд будани бемории паҳнпоӣ миёни ҷавонон ташвиш медиҳад. Паҳнпоӣ як намуд бемориест, ки бемор каме зиёдтар роҳ гардад ё давад, пойҳояшро дард мегирад ё ин ки пойафзолро каме зиёдтар бипўшад, аз дард ранҷ мекашад. Барои хизмат дар аскарӣ яке аз шартҳои асосӣ ин доштани пойҳои росту дуруст мебошад. Гирифторони бемории паҳнпоиро ба хизмат роҳ намедиҳанд, чунки дар хизмат қадамзанӣ, давидан ва пўшидани мўза амали ҳамарўза аст. Бемории паҳнпоӣ дар кўдакӣ на дард мекунад ва на ранҷ медиҳад. Аммо дар ҷавонию калонсолӣ дард пайдо мешавад. Шахс ҳангоми зиёд роҳ гаштан, рост истодан ва давидан дардро ҳис мекунад. Аз сабаби он ки дар хурдсолӣ ранҷ намедиҳад, падару модар ҳам бепарвоӣ мекунанд. Андеша намекунанд, ки дар калонсолӣ ин бемориро табобат кардан ғайриимкон аст”. Бино ба гуфтаи Гулхумор Амирова дигар беморӣ, ки имрўз дар байни наврасону ҷавонон, алалхусус духтарон бештар хуруҷ кардааст, камхунӣ мебошад. Ин беморӣ шахсро хоболуд ва асабӣ мекунад ва аз ҳама бадаш он аст, ки майнаи сар чизеро қабул карда наметавонад ё суст қабул мекунад. Сабаби мубталои камхунӣ шудани насли нав, пеш аз ҳама, модарони онҳо мебошанд, зеро худ гирифтори ин бемориянд ва сари вақт табобат намекунанд. Агар зан гирифтори камхунӣ бошад, тифли батнаш ба бемориҳои гуногун мубтало мешавад. Кўдак дуруст рушд намекунад, гирифтори бемории қалб мешавад. Ҳамзамон, иммунитети кўдак ҳам заиф гашта, ин ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла рахит, камвазнӣ, қадпастӣ ва инкишофи сусти ҷисмонию зеҳнӣ боис мегардад. Сабаби асосии пайдоиши беморӣ кам будани оҳан дар таркиби хуни инсон мебошад. Истеъмоли хўроки якранг ва ё ҳангоми ғизохўрӣ нўшидани чой омили ин беморӣ мебошанд. Чой дар таркибаш моддае дорад, ки имкони ҷабидани оҳанро аз ғизо бартараф мекунад. Вақте организм миқдори даркории оҳанро гирифта натавонист, инсон гирифтори бемории камхунӣ мешавад. Беаҳамиятии волидон нисбат ба саломатии духтарон, хусусан наврасону ҷавонон (аз 14-сола боло) духтуронро нигарон кардааст. Барои он ки духтарон дар ин синну сол ҳайз мебинанд ва дар баъзе ҳолат бо сабабҳои мухталиф хуни зиёдро талаф медиҳанд, ва ба бемории камхунӣ гирифтор мешаванд. Бояд онҳо духтарони худро дар як ду сол аз муоинаи духтури занона гузаронанд. Бемории камхунӣ бештар аз ҳама дар байни бонувон паҳн шудааст, ки дар аксар ҳолат ба насли оянда таъсири манфӣ мерасонад. Ба хотири ҳифзу нигаҳдошти насли солим пеши роҳи ин беморӣ бояд гирифта шавад. Табиб мегўяд, беаҳамиятӣ ва рафтори хунукназаронаи волидон ояндаи наврасону ҷавонони моро зери хатар мегузоранд. “Масалан, чанд рўз пеш ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббӣ ҷавонеро маълум кардем, ки як гўшаш тамоман ношунаво (кар) аст. Пас аз ҷустуҷўи зиёд маълум шуд, ки дардаш модарзодӣ набуда, аз бепарвоии падару модар ба ин ҳол расидааст. Ҳангоми муоинаи тиббии мактабӣ дар синфи панҷ гузаштан, маълум шудааст, ки садопардаи гўшаш шамол хўрдааст. Табибон ба волидонаш гуфтанд, ки писарашонро ҳатман табобат кунанд, аммо волидон эътибор надодаанд. Ҷавон дар синфи 9 барои қайди ҳарбӣ боз аз ташхиси тиббӣ мегузарад. Бори дигар бемор будани гўшаш муайян мегардад, вале ў боз ҳам табобат намекунанд. Бори саввум вақти аз муоинаи тиббии даъватӣ гузаштан маълум мегардад, ки як гўши ҷавон тамоман ношунаво, яъне табобатнашаванда аст”, - ёдовар шуд табиб Г. Амирова. - Мо ҳамасола хонандагони синфҳои болоиро аз муоина мегузаронем. Агар ҳангоми ташхис дар бадани хонанда беморие пайдо шавад, санад тайёр карда ба падару модарашон мефиристем ё ин ки ба беморхона даъват намуда, нозукии дард ва дар оянда ба чӣ оварда расонидани онро мефаҳмонем, то ки онҳо фарзандони худро табобат кунанд. Бисёре аз онҳо “хуб” мегўянд, вале аз паи табобат намешаванд. Ин дар ҳолест, ки агар дард куҳна шуд, табобаташ душвор, ҳатто ғайриимкон мегардад. Аз суханони мутахассисон бармеояд, ки сабабҳои асосии ҷисман заиф будани ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ ин беаҳамиятӣ, бепарвоӣ ва хунукназарона рафтор кардани волидон нисбат ба фарзандони худ мебошад. Дар баробари ин хунукназарии худи наврасону ҷавонон низ зиёд аст. Онҳо бештари вақти худро на ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, балки ба бозиҳои компютерӣ, телефонҳои мобилӣ, интернет ва дигар корҳо сарф мекунанд. Агар чунин рафтан гирад, ояндаи миллату давлат, ки ба ҷавонон вобастааш медонем, нигаронкунанда аст. Имрўз вақти он расидааст, ки барои солим нигоҳ доштани насли оянда кулли ҷомеа бояд саҳм гузорад. Тамоми роҳу воситаро истифода барем. Агар имрўз инро накунем, фардо дер мешавад, дар он вақт “оҳ кашидани” мо фоидае намебахшад. Ҳасан АЗИЗОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.