Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба онҳо навозишу муҳаббати волидон намерасад!

Ба онҳо навозишу муҳаббати волидон намерасад!

26-09-2018, 13:36
Хабарро хонданд: 456 нафар
Назарҳо: 0
Ба онҳо навозишу муҳаббати волидон намерасад!

Вақте кӯдак аз боғча ва мактаб ба кӯча мебарояд, пеш аз ҳама падару модар ва наздикони худро меҷӯяд. Ҳамин ки онҳоро дид, тозон ба наздашон меравад ва худро ба оғӯшашон мепартояд. Наздикон ҳам ӯро оғӯш гирифта, меҳрубонӣ мекунанд. Лек қисме аз кӯдакон аз ин ҳолат воқиф нестанд. Онҳо ба саҳни ҳавлӣ бароянд, атрофро бо нигоҳҳои маъсумашон ҷустуҷӯ кунанд ҳам, касе нест, ки ба тарафашон нигоҳ кунад... Ва ҳангоме шаб фаро мерасад, онҳо талхии бекасӣ, яъне ятимии худро бештар эҳсос мекунанд. Модар нест, ки пеш аз хоб аз пешониаш бибӯсаду нарм ба оғӯш гирад ва афсонааш нақл кунад. Падар надорад, ки пас аз кор ба хона баргашта, барояш туҳфа ё шириние биёрад. Аз танҳоӣ кӯдак дилгир шуда, тамоми олам барояш торик метобад ва дар вуҷудаш ҳисси бадбинӣ нисбат ба ҳама чиз пайдо мешавад.
Равоншонос Рафоат Салимова-мураббияи гурӯҳи навзодони Хонаи кӯдакони №2 шаҳри Душанбе, равоншинос андеша дорад, кӯдаке, ки дар оила тарбия меёбад, аз кӯдаке дар хонаи кӯдакон ба воя мерасад, ба куллӣ фарқ мекунад: “Ӯ мегӯяд, кӯдаке, ки дар оила тарбия мегирад, ҷисман ва ақлан инкишофи пурра меёбад. Дигар ин ки ӯ доно ва озодандеш мешавад. Барои он ки вай дар атрофи худ шахсони наздик - падару модар, бобову бибӣ, акаву додар, апаву хоҳар ва дӯстоне дорад, ки бо меҳру навозиш бо ӯ муносибат мекунанд. Кӯдаконе, ки дар хонаи кӯдакон тарбия мегиранд, аз ҳамаи ин чизҳо маҳруманд. Барои ҳамин мағзи сари онҳо инкишоф намеёбад. Онҳоро ман ба гурӯҳи дуюми саломатӣ дохил менамоям. На танҳо ман, балки дигар духтурону равоншиносон ҳам чунин андеша доранд. Кӯдак аз рӯзи аввали таваллуд бояд дар бағали модар бошаду ҳамеша аз бӯи модар, шири модар, бӯсаву меҳрубониҳои модар бархӯрдор гардад. Аммо модар ҷигарбанди як –ду ё сесолаи худро ба хонаи кӯдакон оварда мегузорад ва ба ӯ ваъдаи дурӯғ медиҳад, ки баъд аз чанде омада ӯро бо худ мебарад ва дигар ба суроғаш намеояд... Аз чунин рафтори хунукназаронаи модар кӯдак бениҳоят ранҷ мекашад".
Бино ба нақли мураббия, кӯдаконе, ки модарҳояшон онҳоро ба ятимхона монда мераванд, чанд рӯз ба дурӯғи модар бовар карда, аз мураббиён: «Очаи ман куҷо шуд?», «Очаҷони ман ҳозир меояд?», «Чаро то ҳол очам наомадааст?» такрор ба такрор мепурсанду зери дару тиреза соатҳо нишаста интизорӣ мекашанд. "Дурии модар чунон вазнин аст, ки кӯдак ба ҳамин содагиву камақлиаш тӯли чанд рӯз аз хӯрдану нӯшидан, бозӣ ва хоб кардан мемонаду бештар гиря мекунад. Аз чунин рафтор ба беморӣ, ҳатто бемории асаб гирифтор мешавад. Ҳар гоҳе мо мураббиён ба ӯ таклиф мекунем, ки: «бачаҷон хӯрок бихӯр, то гушна намониву бемор нашавӣ». Ӯ: «Не, ҳозир очам омада, мада авқот медиҳад..." ҷавоб дода, аз дасти мо хӯрок намехӯрад. Баъди чанд рӯзи интизорӣ мебинад, ки дигар модараш намеояд, дар вуҷудаш нафрат нисбат ба модар, зан ва ҳатто шахсони гирду атроф пайдо мегардад", - мегӯяд Р. Салимова.
Воқеан, мураббиён гарчанде ҳамчун модар ӯро навозишу меҳрубонӣ намоянд, шабу рӯз дар бараш истода, ғамхориашон кунанд ҳам, ҳеҷ гоҳ ҷойи модарро гирифта наметавонанд. Инро худи мураббияҳо низ тасдиқ мекунанд. Зеро набудани модар барои ҳар як фарзанд дар зиндагӣ хеле душвор аст.
Р. Салимова ёдовар мешавад, ки рӯзе зане духтари семоҳаи худро оварда дар хонаи кӯдакон гузошта меравад. Баъд аз 6 моҳ модари духтарак меояду ӯро ба хонаи худ бурданӣ мешавад: "Вақте духтараки хурдсол модари худро баъди ин қадар ҷудоиҳо мебинад, чунон сахт худро ба оғӯши модараш партофта ӯро сахт ба оғӯш мегираду ба садои баланд ва бо чашмони пур аз ашк «чача, чачаҷон» (очаҷон) гуфта, аз ду абрӯи модараш беист бӯсидан мегирад. Ин манзараро мо мураббиён дида дар ҳайрат мондему баробари духтарак гиристем. Пас аз ин воқеа мо табибон ба хулосае омадем, ки ҷойи модару меҳри ӯро касе дар дунё гирифта наметавонад. Тифл ҳеҷ гоҳ модари худро фаромӯш карда наметавонад, ҳарчанд ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳо ҳам гузарад».
Коршинсон сабабҳои ба ятимхонаҳо супурдани фарзандонро аз ҷониби падару модарон худро чунин арзёбӣ мекунанд:
-набудани дастгирии волидон;
-рашки оилавӣ;
-вазъи ноустувори иҷтимоию иқтисодӣ;
-таваллуди кӯдакони маъюб.
- Инчунин, духтароне, ки беникоҳ кӯдак таваллуд кардаанд.
Имрӯз дар ҷомеа мардум бештар барои дасткашидан кӯдак зан-модарро гунаҳкор мекунанд ва бештар ӯро зери маломат мегузоранд, ки чандон дуруст нест. Пеш аз занро гунаҳкор кардан, аввал мо бояд санҷида бароем, ки чӣ занро ба ин амал водор кардааст? Ҳеҷ як модар намехоҳад ҷигарбанди худро бесабаб оварда дар ятимхона гузорад ё дар кӯча партояд. Заноне ҳастанд, ки аз сабаби сатҳи пасти иқтисодӣ кӯдакони худро оварда дар ин ҷо муваққатан гузоштаанд. То ки кори мувофиқе пайдо карда, зиндагиашонро каме беҳтар кунанду баъдан омада фарзандро бо худ бибаранд.
Ба андешаи ин ҷониб мардон низ гунаҳкоранд. Онҳо пас аз 2-3 моҳ ё як соли хонадоршавӣ ҳамсари худро дар хона ҳамроҳи падару модараш гузошта мераванд. Пас аз рафтани ӯ чанде нагузашта байни хусуру хушдоман ва келин хусумат пайдо мешавад. Модари писар аз хусумати зиёд дигар лаҳза ба лаҳза ба писараш ба Русия занг зада, келинашро сиёҳ кардан мегирад. Мард аз ин ба ғазаб омада, тариқи телефон ҳамсари худро бо 2-3 кӯдак талоқ медиҳад. Зан ноилоҷ бо фарзандони худ хонаи падару модараш меравад. Дар он ҷо ҳам дигар рӯзи хуб намебинад, аз тарафи бародарону апаву хоҳари худ ҳар гуна суханҳои таҳқиромез мешунавад. Кӯдакони ӯро хешовандонаш чашми дидан надоранд.
Онҳоро зери лату кӯб қарор дода, рӯзи дароз таҳқир мекунанд. Зан аз ин ба танг омада, кӯдакони худро гирифта, аз хонаи падару модараш баромада меравад. Аз бекасбию камсаводӣ ҷойи кори мувофиқе пайдо намекунад ва маҷбур мешавад кӯдаконашро дар хонаи кӯдакон гузорад ё дар кӯча партояд. Ё ин ки падару модарон фарзандони худро бармаҳал оиладор мекунанд, вақте ки онҳо барои зиндагии мустақилона тайёр нестанд. Писарони онҳо, ки худ аз ҳисоби падару модар умр ба сар мебаранд, пас аз як-ду соли зиндагӣ баробари пеш омадани мушкилиҳо чи кор карданашонро намедонанд. Волидон писарони худро маҷбур мекунанд, ки коре ёфта зиндагии мустақилонаи худро бубаранд. Ҷавон, ки худ ҳунар надорад ё дар ҷое таҳсил мекунад, коре карда наметавонад. Аз ин падару модар ба қаҳр омада, ғазаби худро сари келинашон мерезанд. Келин бошад, аз ин ба танг омада, ғазаби худро сари шавҳараш мерезад, ки байни домоду арӯс ва хушдоман хусумат пайдо мешавад. Баъди муноқишаҳои зиёд мард маҷбур зани худро талоқ медиҳад ё ин ки зан ба дод омада, аз хона баромада меравад. Дар ин ҳолат ҷабр бештар сари фарзандони онҳо меояд. Баъди ҷудошавӣ кӯдак ба тарбияи яке аз кӯдакон вогузор карда мешавад ё ин ки ба ятимхонаҳо меафтанд.
Марҳабо Олимӣ-муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон вобаста ба ин мавзӯъ бо нигаронӣ мегӯяд: “Таҳлилҳои муроҷиатҳо, суҳбатҳои инфиродии гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки баъди пошхӯрии оилаҳо аксаран занҳо, ки кӯдакон дар тарбияи онҳо мемонанд, ба мушкилиҳо бо сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ, надоштани касбу кори мувофиқ ва сатҳи муайяни тахассус, надоштани ҷойи зисти алоҳида, напардохтани алимент аз ҷониби шавҳарони собиқ, аз тарбияи фарзанд саркашӣ намудани онҳо дучор мешаванд. Дар натиҷаи вайрон шудани оилаҳо дар ҷомеаи имрӯза теъдоди кӯдакони беназоратмонда афзоиш дорад, ки баъди гирифтани осеби рӯҳӣ онҳо ба оворагардӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб даст мезананд”.
Дар ҳақиқат имрӯз аксарияти кӯдаконе, ки ятим ё зиндаятим мондаанд, мардон гунаҳгоранд. Бештари онҳо баъди муноқишаи оилавӣ аз фарзандони худ даст мекашанд.
Тибқи иттилои Раёсати ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ 7523 оила пош хӯрдааст, ки 5343 оила бо қарори суд мебошад. Аз ин шумора 5754 кӯдак бо қарори суд ба тарбияи яке аз волидон, бештарашон ба тарбия модар гузошта шудааст.
Дар мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе айни ҳол 279 нафар хонанда таҳсил менамояд, ки аз ин 25 нафараш ятим, 7 нафар бепарастор (шахсе, ки ба қарори суд аз падару модар маҳрум мондаанд ё волидоне, ки аз фарзандони худ даст кашидаанд), 45 нафар бемодар ва 207 нафар бепадар мебошад.
Умуман дар Тоҷикистон шумораи хонандагони ятим ва аз оилаи камбизоат, ки таҳти назорати мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд, дар соли хониши 2017-2018 чунин аст: Шумораи ятимон ва аз парастории волидайн маҳруммонда 42304 (19509 духтар), кӯдаконе, ки падару модар надоранд 1713 нафар (801 духтар), бе падар 30530 (13905) ва бе модар 9646 (4615 духтар). Аз ин шумора бармеояд, ки аз ятимон дида, дар ҷомеаи мо зиндаятимони бепарастор бештаранд. Махсусан, зиндаятимони бепадар.
Баъд аз таҳқиқи мавзӯъ маълум гардид, ки имрӯз дар ҷомеа шумораи зиндаятимҳо (кӯдаконе, ки падару модар, хешу ақрабо доранду бо сабабҳои гуногун дар ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо тарбия мегиранд) нисбати ятимон хело зиёданд. Беҳтар нест, ки маблағи барои онҳо дар хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо (хӯрока, пӯшока, лавозимоти барои хоб, чизҳои конселярӣ барои таҳсил, қувваи барқ, хизматрасонии комуналӣ, маоши муаллимон ва ғайра) сарф мешавад, нисфи ҳаминро ба яке аз волидони онҳо ё дигар хешовандонашон бидиҳад, то ки ин зиндаятимон дар хонаи худ дар муҳити оила бо меҳру муҳаббат ба воя расанд? Агар ин маблағ ба модар, падар ва ё дигар хеши ин кӯдакон гузаронида шавад, онҳо аз норасоӣ раҳо шуда, фарзандони худро хуб нигоҳубин мекунанду дигар ба ятимхона ва мактаб-интернатҳо намесупоранд.
Фирӯз Баротов-мушовир оид ба масоили ВАО ва ҳуқуқ, ҷомеашинос мегӯяд: «Кӯдак агар дар оила зиндагӣ кунад хуб аст, чунки муҳаббати волидон ва ба хусус модарро чизе иваз карда наметавонад. Аммо агар аз назари иҷтимоӣ модар ва ё падар ҳимоя нашуданд ва имкони пешбурди зиндагӣ ва таъмини зиндагии шоистаро барои кӯдакон надоранд, пас ин масъулият ба дӯши давлат меафтад, чунки кӯдак зери ҳимояи давлат аст. Аз ин рӯ, агар сифати таҳсил дар мактаб-интернатҳо дар сатҳи баланд гузошта шавад, зиндагии кӯдакони ятими оилаҳои камбизоат дар мактаб-интернатҳо хубтар аст. Зеро агар ҳамаи маблағҳои буҷа дар мактаб пурра сарф шавад, кӯдакон он ҷо бо хӯроки гарм, либос ва ҷойи хоби гарм таъмин буда, аз рӯйи барномаи махсус таълиму тарбия мегиранд. Аммо агар давлат хоҳад, ки фарзанд аз оила ҷудо набошад, пас бояд ба ҳар кӯдаки ниёзманд он нафақаеро бидиҳад, ки он рамзӣ набошад, балки барои зиндагии воқеии як кӯдак дар кишвар басандагӣ кунад. Ин маблағ вобаста ба ҷойи зисти онҳо метвонад фарқ кунад. Барои мисол як кӯдак агар дар ноҳияи Рашт зиндагӣ кунад, шояд барои ӯ 500 то 1000 сомонӣ дар як моҳ кофӣ аст, аммо агар кӯдак дар шаҳри Душанбе зиндағӣ кунад барои ӯ аз 1000 то 2000 ва бештар маблағ лозим мешавад. Агар чунин нафақаҳои воқеӣ ба кӯдакони ятим дода шавад, албатта волидони танҳо ҳеҷ вақт кӯдаконашонро ба ятимхона ё мактаб-интернат намебаранд.
Баъдан онро назорат кардан даркор, ки он барои хароҷоти махсус сарф шавад. Барои мисол дар Амрико ба кӯдакони ниёзманд корти бонкӣ медиҳанд. Дар он ҳар моҳ маблағ мегузарад. Он маблағро нақд гирифта намешавад. Онро танҳо барои хӯрок сарф кардан мумкин аст. Ин маблағ ҳам дар мо метавонад, чунин дода шавад яъне барои хӯрок ва барои ашёи мактабӣ ва роҳкирои автобус.
Дигар ин ки агар хоҳем волидон бори вазнини худро ба души давлат ва ҳукумат напартоянд, барои онҳо бояд ҷойхои корӣ фароҳам оварда шавад, то ки кор кунанду зиндагии худро гузаронанд. Ҳамзамон барои ин қишри ҷомеа хонаҳои имтиёзноки бо қарзҳои дарозмуддат дода шавад. Волидон кор карда, онро оҳиста-оҳиста баргардонанд, чунки агар Ҳукумати кишвар ба ҳамаи ниёзмандон хонаи ройгон диҳад, бо иқтисоде, ки мо дорем, он зуд варшикаста мешавад. Агар ин гуфтаҳоро Ҳукумати кишвар ба роҳ монад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад ва ин одамон вазниниашонро ба дӯши давлату ҳукумат намепартоянд».

-Имрӯз дар муассисаи мо 57 нафар кӯдакони то 4-сола ва ҳатто 6-сола зиндагӣ мекунанд. Аз бештари онҳо волидон ва дигар хешу ақрабо даст кашидаанд. Сабаби дасткашии онҳо маъюбият, сатҳи пасти зиндагӣ, дар зиндон будани волидон ва ғайра мебошад.Бовар кунед, ки ҳар гоҳе кӯдакеро барои тарбия ба ин ҷо меоранд, ман бениҳоят ғамгин мешавам ва ба худ мегӯям боз кӯдаке бе модар, бе падар ва сағира шуд. Тӯли фаъолияти чандсола худ ҳар гоҳе чашмони пазмони ин дӯстрӯяконро мебинам, хуни ҷигар мехӯрам. Онҳо пазмони навозиш, меҳру муҳаббати падару модари сангдили худанд. Онҳое, ки падару модарашон бо як навозиш калон кардаанду имрӯз худ модар ва падар шудаанду аз ҷигарбандони худ даст кашидаанду мекашанд. Ман ҳайрони чунин волидонам… Ман ҳамзамон аҳсан ба модароне мегӯям, ки аз сабаби пасти камбизоатӣ ё зӯраш барои нигоҳубини фарзанди маъюбаш намерасаду ӯро оварда ин ҷо мегузорад ва ҳамеша бо муассиса робитаи зич дорад. Ҳафтае ё моҳе ду-се маротиба омада, ҷигарбандашро хабар гирифта меравад. Халлас, аз ҳолу аҳволи фарзандаш ҳамеша бохабар ҳаст. Ҳамзамон, аз дигар волидон, махсусан падарон ва хешовандон хоҳиш менамоям, ки аз фарзандон, наберагон, ҷиянҳои худ, махсусан маъюбон даст накашанд, чунки онҳо бештар ба муҳаббату навозиши шумо ниёз доранд. Охир онҳо гуноҳ надоранд, ки бо иллат таваллуд шудаанд. Худованд онҳоро чунин офаридааст, пас чаро шумо аз онҳо даст мекашед? Ё ин ки гуноҳи шумо волидони азиз буд, ки онҳо ба нуқсон ба дунё омадаанд? Онҳо низ дар баробари шумо инсон ҳастанд ва ҳуқуқ ба зиндагии мисли шуморо доранд,-бо нагаронӣ иброз дошт Норинисо Муминова, табиби кӯдакона ва мураббии Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и махсусгардонидашудаи шаҳри Душанбе.
Инчунин мавсуф бо хушҳолӣ гуфт, ки бо шарофати таваҷҷуҳу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат имрӯз тамоми шароит дар хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо барои ятимону зиндаятимон муҳайёст, аз ҳеҷ чиз мушкилӣ намекашанд ва эҳтиёҷ ҳам надоранд. Онҳо бо чунин мардони сахӣ ва ҳалиму меҳрубон ба монанди Пешвои миллат, шаҳрдори пойтахт ва дигар шахсони саховатпеша ва ғамхории ҳамешагии онҳо ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ ва таҳсил мушкилӣ намекашанд. Ягона чизе, ки онҳо тӯли солҳои дароз ранҷ мекашанд ин аз надоштани падару модар. Барои онҳо навозиш, меҳру муҳаббату ғамхории волидайн, хусусан модар намерасад. Ҳарчанд мо мураббиёну омӯзгорон ҳамчун модар бо онҳо рафтор мекунем, мисли фарзандони худ онҳоро дӯст медорем ва эҳтиром мекунем, аммо ҷойи модар дар дил ва дар қалби онҳо дигар аст. Ҳар гоҳе онҳо дар бораи волидони худ аз мо мепурсанд, мо намедонем ба ин саволи бениҳоят душвори беҷавоб, барояшон чи ҷавоб гардонем. Ман шахсан ҳар вақте ин саволро аз забони ин дӯстрӯякон мешунавам аз чашмонам ашк ҷорӣ мешавад, барои он ки онҳо бо як лаҳни кӯдаконаи дилсӯзона ва чашмони хумории ҳамеша интизор инро мепурсанд. Нигоҳи онҳо, ҳамеша нигоҳи интизорона аст...
Мураббия Рафоат Салимова бар он андеша аст, ки кӯдаке дар хонаи кӯдакон таълиму тарбия мегирад, дар вуҷуди худ ҳисси бадбинӣ бештар дорад, чунки дар як ҷои хурду аз ҳама чиз маҳдуд умр ба сар мебарад ва дар ин ҳолат мағзи сари ӯ инкишоф намеёбад. Дар вуҷуди ӯ бештар хашмгинӣ, бадбинӣ, дамдуздӣ дар батнаш пайдо мешавад.
Равоншиносони олам бар андешаанд, ки кӯдакони дар сағирхона ба воя расида аз кӯдакони дар оила тарбияёфта бо нишондиҳандаҳои зерин фарқ мекунанд:
1. Дар ҷамъият торафт ба одатҳои бад майл мекунанд.
2. Ба рафтори (девианти) майл доранд.
3. Бисёр вақт дар онҳо таъхири инкишофи рӯҳӣ ба назар мерасад.
4. Мушкилиҳоро дар таркиббандии айнияти гендерӣ эҳсос менамоянд.
5. Дар онҳо малакаҳои лозимаи алоқаҳои иҷтимоӣ нест.
6. Мушкилот дар доираҳои алоқа ба амал меоянд- онҳо намедонанд чӣ мехоҳанд ва роҳҳои дурусти ҳалли онро низ наметавонанд интихоб кунанд, роҳҳои қонеъ сохтани талаботи худро намеҷӯянд.
7. Муносибатҳои оилавӣ низ бо душворӣ пайваст мешаванд.
Сабабҳои асосии мушкилоти рӯҳии кӯдакони дар ятимхона калон шуда ин он аст, ки онҳо муҳаббату меҳрубонии лозимаро дар онҷо намегиранд. Кӯдакон бештар дар муҳити танг ба воя мерасанд. Баъзан фикр мекунанд, агар кӯдакон ба оилаҳо фиристода шаванд ва онҳо он ҷо ба ғамхорӣ фаро гирифта шаванд, дар ин ҳолат ҳамаи мушкилот ҳал хоҳад шуд. Вале ин хатои маҳз аст.
Таваҷҷуҳ, ғамхорӣ, тарбия ва таълимӣ кӯдакону наврасон раванди ниҳоят масъулиятнок ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли ояндаи ҷомеа ба сифати он вобаста аст. Дар ин замина таълиму тарбияи кӯдакон бояд пеш аз ҳама дар мадди назари падару модар бошад, на хонаи кӯдакону мактаб-интернатҳо, чунки фардои ин ё он кишварро ҳамон вақт метавон шукуфону пурфурӯғ арзёбӣ кард, агар он ҷумҳурӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намояд. Зеро танҳо дар ҳолати таваҷҷуҳи зарурӣ ва саривақтӣ додан ва дуруст тарбия намудану ба роҳи дуруст ҳидоят кардани кӯдакон мо метавонем, наслҳои солиму худогоҳро тарбия карда, давлатдории мустақилонаи худро мустаҳкам созем ва дилпурона ба сӯйи оянда пеш равем. Аммо дар ҳоле, ки қариб ҳар рӯз дар ҷомеа ду-се ва зиёда аз он оилаҳо пош хӯрда, кӯдакони зиндаятим дар ҷомеа меафзоянд, ба ятимхонаву мактаб-интернатҳо афканда мешаванд, чӣ гуна метавон ба ояндаи нек умед баст? Ин ҷиҳат қобили андеша аст. Бояд насли наврас, рӯҳан солим инкишоф биёбад. Кӯдаки аз меҳри модару шафқати падар маҳрум наметавонад инкишофи дуруст ёфта бошад. Пайваста маҳзун аст, ноумед аст... Набояд ҷозат дод, то кӯдакон ноумед ба воя расанд!
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: