Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Фарҳанг- таҷассумгари таъриху тамаддуни миллат

Фарҳанг- таҷассумгари таъриху тамаддуни миллат

28-08-2018, 09:26
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Фарҳанг- таҷассумгари таъриху тамаддуни миллат
Чанде пеш ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ” доир гардид.
Дар ифтитоҳ Шариф Комилзода, директори ПИТФИ иштирокдоронро бо фарорасии 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният гуфта, зикр намуд: “Маҳз соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳаввулоти азим арзи вуҷуд намоянд. Бахусус фарҳанги миллӣ, ки таҷассумгари таъриху тамаддуни миллати тоҷик маҳсуб меёбад, дар даврони истиқлол инкишоф ёфта, барои шинохти воқеии арзишҳои миллӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён хизмати шоиста кардааст. Аз ҷумла, бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои муаззами тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро гирифтани ҷашни Наврӯз, аз нав эҳё шудани ҷашнҳои миллиамон Меҳргону Сада, ба мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шудани ду иншооти арзишманди Тоҷикистон: Саразми бостон ва Боғи миллии Тоҷикистон, расман сабти ном шудани се унсури мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: Шашмақом, Наврӯз ва Оши палав ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ва дигар иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат барои рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ роҳро ҳамвор намуд”.
Фарида Алиева, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иброз дошт, ки “26 сол қабл миллати мо бо дастоварди бузургтарини таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд. Ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ сол то сол нуфуз ва шукуҳу шаҳомати хоса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлкатамон нақши муассир мегузорад. Ҳамаи мо шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол тӯли ин солҳо шоҳиди он гашта истодаем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу амонӣ, густариши равандҳои демократӣ, рушду нумӯи иқтисодиёти миллӣ болоравии обрӯву эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои наҷибона ва азму талошҳои зиёде карда истодаанд”.
Мурод Муродӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор зимни маърӯзааш дар мавзӯи “Матбуоти даврӣ дар шароити рушди ВАО-и электронӣ”гуфт, ки “воқеан матбуот дар кишвари мо умри зиёда аз садсола дорад ва марҳилаҳои гуногунро тай намудааст. Дар ин давраҳо то ҳадди тавон барои рушди ҷомеа хидмат намудааст ва барои бедории фикрии мардум нақши созгоре гузоштааст. Аммо дар ҳеҷ як мархила мисли дар замони Истиқлол рушд накардааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон наздик ба 450 рӯзномаву маҷалла ба қайд гирифта шудааст, ки ин теъдодро типҳои гуногуни матбуоти даврӣ: ҳукумативу мустақил, соҳавию иттиҳодиявӣ, вилоятиву ноҳиявӣ, хусусиву тиҷоратӣ, маънавию фароғатӣ, ҳизбиву ҷамъиятӣ ва амсоли ин ташкил медиҳад. Мувофиқи омори соли 2016 270 номгӯйи нашрияҳои даврӣ ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд.
Гуногунрангии низоми матбуот ва зиёд гардидани номгӯйи нашрияҳои даврӣ, албатта, барои дар фазои иттилоотии кишвар мақоми худро нигоҳ доштани ин воситаи ахбори омма мусоидат кард. Аз ҷумла мундариҷаи нашрияҳо ба талаботу таъиноти онҳо мувофиқтар шуда, дар маҷмӯъ имкони фаро гирифтани кулли масъалаҳои мубрами рӯз ба миён омад. Ба ибораи дигар, матбуоти даврӣ аз ҷиҳати теъдод ва тип ғанӣ гардида, нисбат ба васоити электронии ахбори омма имкони бештари аз нигоҳи мухталиф ва шаклу шеваи гуногун инъикосу баррасӣ намудани мавзӯоти муҳими рӯзро пайдо кард. Дар баробари ин нашрияҳои даврӣ ба майдони инъикоси розу ниёзи мардум ва умеди ҳалли мушкилоти онҳо табдил ёфт. Мардум ба нашрияҳои даврӣ эътимод пайдо намуда, тавассути он аз мушкилоти худ ва беадолатиҳои аз ҷониби ашхоси алоҳидаи соҳибмансаб содиргардида менавиштанд ва ба ҳалли он умед мебастанд, -афзуд дар идомаи суханаш Мурод Муродӣ.
Сипас, Абубакр Зубайдов, номзади илмҳои таърих, Дилшод Раҳимов, номзади имлҳои филологӣ, дар мавзӯҳои “Санъати мусиқии тоҷик ва рушди он дар даврони истиқлол”, “Таҳқиқи мусиқии тоҷик ва рушди он дар даврони истиқлол” маърӯзаҳо намуда, иброз доштанд, ки Истиқлолият давлатии Тоҷикистон барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунар, сайқал додани суннатҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар заминаҳои боэътимод фароҳам оварда, як силсила чорабиниҳои муҳими фарҳангиву ҳунарӣ ва озмуну фестивалҳо пайдо ва доир шуданд.
Дар фарҷом ни иштирокдорон ва маърӯзачиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: