Сафари кории Пешвои миллат ба ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз28-09-2016, 09:35
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
Субҳи рӯзи 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Меҳмони олимақомро дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Сағирдашт, роҳбарияти вилояту ноҳия ва аҳли санъату фарҳанг бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз ва шодию нишоти беандоза истиқбол гирифтанд. Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиберо бо омезиши санъати муосир ва расму ойинҳои миллӣ манзур намуданд. Барномаи аҳли ҳунару фарҳанги ин гӯшаи зебои Тоҷикистонро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда, ба ҳунари мардуми ноҳияи Дарвоз баҳои арзанда доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.