Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

13-09-2017, 16:00
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
13.09.2017 17:00, ноҳияи Дарвоз


Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Дар деҳаи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванд сокинони меҳнатқарини вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва ихлосу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз дар ҷараёни ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим иштирок намуда, бо сокинони ноҳия суҳбату мулоқотҳои самимӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шикеф-Қалъаи Хумб оғози расмӣ бахшиданд.

Қитъаи Шикеф-Қалъаи Хумб дар идомаи роҳи мошингарди Шоҳон-Шӯрообод бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мегардад. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди Шикеф-Қалъаи Хумб 26 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ дар давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди Шикеф-Қалъаи Хумб сохтмони як адад пул бо дарозии 22 метр ва дар мавзеи хавфноку мушкилгузар бунёди нақб ба масофаи 330 метр ба нақша гирифта шудааст.

Маблағгузории лоиҳаи роҳи мошингард дар масофаи 26 километр бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди рушди Саудӣ, Фонди Кувайтии рушди иқтисодии араб, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу Дабӣ амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт. Ҳатто дар фасли зимистон давоми панҷ шаш моҳ роҳ баста шуда, рафтуомад ба маркази вилоят пурра қатъ мегардид.

Ҳанӯз 20 сол пеш, соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафар ба ВМКБ аз ин қитъаи роҳ дидан карда буданд. Сарвари давлат ҳамон вақт бо нақлиёти боркаш роҳи мушкилгузару пурхатарро убур карда, барои сохтмони он камар бастанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинон таъкид дошта буданд, ки номи ин мавзеъ аз Девдара ба Гулдара табдил дода шавад. Имрӯз дар ҳақиқат ин нияти неки Пешвои миллат ва мардуми меҳнатқарини вилоят ба ҳақиқат табдил ёфта, Девдара ба Гулдараи воқеӣ мубаддал шудааст.

Бунёду навсозии роҳи аҳамияти байналмилалидошта бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд.

Ҳамзамон молу маҳсулот аз дохил ба хориҷи кишвар интиқол дода шуда, аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон низ ворид карда мешавад, ки дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамалкат заминаи воқеӣ мегузорад.

Тибқи лоиҳа ва инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди қитъаи Шикеф-Қалъаи Хумб бунёди қубурҳои обгузар, ҷуйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра ба инобат гирифта шуда, барои бунёди роҳи автомобилгард бештар аз 46 миллион доллари ШМА пешбинӣ гардидааст. Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шикеф-Қалъаи Хумб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба масъулон ва роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: