Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мулоқоту вохӯриҳои манфиатбахш

Мулоқоту вохӯриҳои манфиатбахш

14-10-2015, 11:14
Хабарро хонданд: 431 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоту вохӯриҳои манфиатбахшДар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш вохӯриҳо бо падару модарон, собиқадорони меҳнат, раисони маҳаллаҳо ва ҷавонони деҳаҳои ҷамоати мазкур оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, бештар ҷалб намудани ҷавонон ба донишу варзиш, ҳамаҷониба омода намудани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона, тарбияи дурусти фарзандон дар ҷомеа, ихтиёрӣ рафтани ҷавонон барои ҳифзи марзу буми кишвар ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои хоҷагии халқ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи Амнияти миллии ноҳияи Вахш Ҷ. Сафаров, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия О. Маҳмадов, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маърифатчиён» А. Неъматов ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия С. Камолов иштирок ва оид ба мавзуъҳои дар боло зикршуда баромад ва суханронӣ намуданд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳои манфиатбахш дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ идома дорад.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: