Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН

26-11-2018, 08:57
Хабарро хонданд: 834 нафар
Назарҳо: 0
Номзади илмҳои таърих, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДТТ Фирдавс Тоатов зимни ироаи маърӯза баён дошт, ки пошхӯрии Давлати шӯравӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳангии хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд аз аввалин масоиле, ки мавриди муқокима қарор дод ин қабули Парчами Тоҷикистон буд. Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қасри сулҳовар ҷилва намуд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намуда буд. Шояд эҳтироми Сарвари давлат ба Парчами миллиамон бошад, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд.
Ба иштирокчиёни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва ба чанде аз аъзои фаъоли ҳизб дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо дода шуд.
Аз номи ширкаткунандагони иҷлосияи таърихӣ, собиқадори меҳнат Темур Дадобоев барои қадршиносӣ изҳори сипос намуд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: