Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол

25-11-2016, 09:53
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд
чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 5-11 оид ба мақому манзалати Парчами давлатӣ баромад карданд. Дар ҷамъомад як зумра мехмонон иштирок намуданд. Номзади илмҳои таърих Эркаев С. дар чорабинӣ баромад намуда оиди таърихи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Дар воқеъ Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кeҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами давлатии Точикистон ҳамқадами соҳибистиклолии ватанамон буда, баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллй ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлати маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурой Олии Чумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Аз он рузе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дустиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имруз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи чаҳонй парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Имруз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва накшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Бигузор парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озодии кишварамон парафшонӣ кунад. Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидону парафшон бод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: