Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Владимир Жириновский ба Тоҷикистон омад

Владимир Жириновский ба Тоҷикистон омад

1-11-2018, 07:55
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Владимир Жириновский ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҳизби либералию демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский дирӯз бо як гурӯҳ вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия ба Тоҷикистон омад.

Дар Фурудгоҳи байналимлалии Душанбе В. Жириновский ва ҳамроҳонашро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва раиси Кумитаи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Думаи давлатӣ Садриддин Шарифов истиқбол намуданд.

Интизор меравад, ки ин ходими сиёсии Россия дар ҳошияи сафараш ба Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мулоқот анҷом диҳад.

В. Жириновский ва ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон- Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз», бозори «Меҳргон»-и Душанбе ва ангурзори водии Ҳисор дидан менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: