Валентина Матвиенко: «Тоҷикистон кишварест, ки тавонистааст орзую ормонҳои мардумашро ҷомаи амал пӯшонад»14-10-2016, 11:03
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
14.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистону Русия дар самти фаъолияти парлумони дупалата аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдоранд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода намоянд». Ин матлабро Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баён кард. Валентина Матвиенко таъкид кард, ки «таърихи давлатдории муосири тоҷикон марҳилаҳои хеле душворро паси сар кардааст. Ҳоло дар Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба таври мусбат ва чашмрас ба вуҷуд омадаанд. Тоҷикистон кишварест, ки тавонистааст орзую ормонҳои халқашро ҷомаи амал пӯшонад. Парлумони Тоҷикистон қонунҳое кабул мекунад, ки танҳо ба манфиати мардуми кишвар равона гардидаанд. Дар баробари ин, Парлумони Тоҷикистон ҳамеша мавқеи минтақавиии кишварро ҳимоя менамояд. Ин дар таҷрибаи парлумонҳо падидаи нав аст», -гуфт дар анҷоми мулоқот Валентина Матвиенко. Мавсуф иброз дошт, ки мардуми рус аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу суботи комил дар кишвари худ иттилоъ доранд ва ин заҳмату корнамоиҳои миллати барӯманди тоҷикро ҷиҳати ба даст овардани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қадр менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия 12 октябр бо ҳайати баландпояи парлумонии палатаи болоии Парлумони Русия бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Валентина Матвиенко зимни сафари раксмиаш ба Тоҷикистон бо роҳбарияти баландпояи Тоҷикистон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили муҳими марбут ба ҳамкории судманд ва гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд. Инчунин Валентина Матвиенко дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок карда, сухан гуфт. Шоми 13 октябр Валентина Матвиенко ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Маскав рафтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.