Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Имрӯз муовини Раиси Кумитаи доимии парлумони Чин Алекен Еминбахэ ба Тоҷикистон меояд

Имрӯз муовини Раиси Кумитаи доимии парлумони Чин Алекен Еминбахэ ба Тоҷикистон меояд

23-05-2018, 07:58
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз муовини Раиси Кумитаи доимии парлумони Чин Алекен Еминбахэ ба Тоҷикистон меояд

Май 23, 2018 07:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 май, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар назар аст, ки Алекен Еминбахэ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намояд.

Тибқи иттилои манбаъ, инчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ аз майдони «Дӯстӣ», Боғи Устод Рӯдакӣ, Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.

Узви КМ Ҳизби Коммунистии Чин Алекен Еминбахэ соли 1953 таваалуд шуда, миллаташ уйғур мебошад ва феълан вазифаи муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии (парлумони) Ҷумҳурии Мардумии Чинро иҷро менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: