Вохӯрии Раъно Раҳимзода бо фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ3-08-2017, 14:07
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Раъно Раҳимзода - сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии судманд доир гардид. Дар вохӯрии мазкур фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», комиссияҳои занону ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ширкат доштанд. Мақсади асосии баргузории вохӯрӣ фаҳмонидани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалҳои номатлубу зишти ҷомеа ва ғайра буда, Раъно Раҳимзода атрофи масъалаҳои болозикр суханронӣ карда, аз иштироккунандагони вохӯрӣ оид ба таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду нумуи Ватани азизамон даъват ба амал овард. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Раъно Раҳимзода - сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии судманд доир гардид. Дар вохӯрии мазкур фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», комиссияҳои занону ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ширкат доштанд. Мақсади асосии баргузории вохӯрӣ фаҳмонидани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалҳои номатлубу зишти ҷомеа ва ғайра буда, Раъно Раҳимзода атрофи масъалаҳои болозикр суханронӣ карда, аз иштироккунандагони вохӯрӣ оид ба таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду нумуи Ватани азизамон даъват ба амал овард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.