Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАҲОНИ ОРЗУҲОИ ЯК БОНУИ СОҲИБКОР

ҶАҲОНИ ОРЗУҲОИ ЯК БОНУИ СОҲИБКОР

22-10-2018, 08:48
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
ҶАҲОНИ ОРЗУҲОИ ЯК БОНУИ СОҲИБКОР
Шунидем, ки ӯ дар беморхона аст. Ният кардем пас аз кор бо чанде аз ҳамкорон ба аёдаташ меравем. Аммо ғайричашмдошт имрӯз ӯ дар коргоҳаш ба пешвозамон баромад. Бо чеҳраи кушода, бо лабони моил ба табассум. Саломатиашро пурсон шудем, узр пеш овардем, ки фурсат имкон надод, то ин ки хабаригириаш равем.
-Ҳеҷ гап не, одамӣ ҳамин аст. Андаке синну сол, ки боло рафт, вазъи саломатӣ ҳам тағйир меёбад. Гоҳо обуҳаво низ таъсир мерасонад. Фишорам баланд шуд. Барои ҳамин чанд рӯз дар назорати табибон будам. Ҳозир саломатиам шукр, ки хуб аст, шикоят надорам.
Ҷоеро обод кардан, дасти касеро гирифтан, мушкилоти нафареро осон намудан, ба диле баҳор овардан мақсаду мароми ӯст. Истамой Мадалиева рисолати хешро ҳамчун соҳибкор дар ҷомеа дар ҳамин мебинад. Азбаски ошхонаи ӯ ҳамеша тозаву бо таомҳои лазизаш ном баровардааст ва пешхизматҳо нисбат ба мизоҷон муомилаи хеле хуб доранд, мо ҷамъи ҳамкорон гоҳ –гоҳ ба маҳаллаи Якум Советский ба ошхонаи «Бунёд», ки муассисаш ин бонуи соҳибкор аст, рафта дар баробари тановули ғизоҳои болаззат хастагиро андаке рафъ месозем.
Апаи Истамой бо дидани мо шод шуд.
-Чанд рӯз пеш мо як гурӯҳ соҳибкорон бо муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим вохӯрӣ доштем,- риштаи суҳбатро ба дигар сӯ бурд ӯ.- Он кас аз нақшаҳои минбаъдаи мо пурсиданд. Ман лоиҳаи сохтмони биноеро пешниҳод кардам, ки аз панҷ ошёна иборат аст. Он боғчаи бачагона бо фарогирии 140 нафар кӯдак, ҳамчунин сехҳои хушкашӯӣ, матрасбарорӣ ва қолинбофиро дар бар мегирад. Баъди ба истифода додан ҳудуди 100 нафарро метавонем бо кор таъмин кунем. Муовини Сарвазир пешниҳоди маро бо хушнудӣ пазируфт ва ба масъулин супориш дод, ки барои амалӣ шудани лоиҳа қитъаи замин ҷудо кунанд.
Ҳамсуҳбати мо аз ҷумлаи соҳибкорони муваффақест, ки дар ободии шаҳр ҳамеша саҳм гузошта, бо хизматрасонии хуб ба мардум соҳибэҳтиром шудааст.
Метавон ёдовар шуд, ки ба фаъолияти ӯ борҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳои сазовор додааст. Чунончи, солҳои 2005 ва 2007 Истамой Ашӯрбоевна «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» эълон шудааст. Соли 2015 ғолиби озмуни «Соҳибкори беҳтарин» ҳам дар ноҳияи Сино ва ҳам дар шаҳри Душанбе гардидааст. Чашмам ба дипломе афтод, ки як гӯшаи утоқи кории муаллимаро зеб медиҳад ва ин навиштаҳо дар он инъикос шудаанд: «Роҳбари ҶДММ «Бунёд-ҷаҳони орзуҳои Шумо» барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни «»Соҳибкори беҳтарини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе-2017» аз рӯйи номинатсияи «Хизмати маишӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Дар воқеъ бахши хусусӣ дар даврони истиқлол хеле пеш рафт.
Имрӯз фаъолияти соҳибкорон назаррас аст. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат саҳми онҳоро дар ободии диёр баръало мушоҳида мекунем. Роҳбарияти давлату ҳукумат бо мақсади рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ кардаву барои фаъолияти хуби сектори хусусӣ шароитҳои мусоид фароҳам меоранд. Барои иддае аз соҳибкорон бо назардошти муҳимияти фаъолияташон имтиёзҳо муқаррар шудааст. Аз дигар сӯ ҳар сол Пешвои муаззами миллат бо соҳибкорон мулоқот карда, аз нақшаҳои кориашон пурсон мешаванд, ба онҳо маслиҳат медиҳанд, раҳнамоӣ ва дастгирӣ мекунанд.
Суҳбати мо низ дар арафаи мулоқоти Сардори давлат бо соҳибкорон сурат гирифт.
-Умедворам, ки ин мулоқот ба рушди соҳибкорӣ такони тоза мебахшад,-мегӯяд ин бонуи соҳибкор.
Суҳбати мо низ дар арафаи мулоқоти Сардори давлат бо соҳибкорон сурат гирифт.
-Умедворем, ки ин мулоқот ба рушди соҳибкорӣ такони тоза мебашад, - мегӯяд ин бонуи соҳибкор.
Вақте ки ин навиштаро тайёр мекардам, апаи Истамой мужда расонид, ки лоиҳаи пешниҳодкардааш тасдиқ шудааст. Акнун рафта ҷойи сохтмонро мебинад ва ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Шарти асосӣ ҳамин будааст, ки дар давоми се сол бояд онро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Бовар дорем, ки ин бонуи соҳибтаҷриба бо ин амали неку созандаи хеш ҷаҳ орзуҳои худу ҳамдиёронро боз ҳам рангин хоҳад кард.
Алӣ ҶӮРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: