Вақт бо суръат мегузарад. Саргарми кору зиндагӣ ҳатто эҳсос намекунӣ, ки чӣ гуна торҳои мӯи сафед оҳиста оҳиста бар ҷавонӣ пирӯз мешаванд. Хотироти рӯзҳои гузаштаро варақ мегардонӣ. Тӯли чанд соли охир, ки пеши таърих як лаҳзаи кӯтоҳ аст, дар ҷомеа чи гуна таҳаввулоте сурат гирифтаанд. Аз як тараф чунин ба назар мерасад, ки ҳоло растохез асту, ҳама олам оғуштаи хушунат, ҷанг, инқилобҳои сурху зарду нилобӣ, таҳдидҳову таҳримҳо, миллионҳо овораи бе хонаву ватангумкарда, ҳазорон куштагони бегуноҳи ҷаҳолати терроризм. Вале аз тарафи дигар ҳазорҳо тасмимҳои нек, ибтикори созандаро мебиниву шӯълаи умеде дар дилат рӯшан мешавад, ки ҳароина рушди босуръати илму технологияи нав, ки муҳими инсонро осон мекунад, бунёди иншооти бузург, боз шудани роҳҳову барҳам хурдани сарҳадҳо, ки боз риштаҳои дӯстиву васлро ба ҳам мепайвандад, паёме аз фардои нек аст. Чеҳраҳое аз пеши назар мегузаранд, ки яке ба ҷуз бадиву озор дар дилат асаре нагузоштааст ва дигаре мисли офтоб рӯшан, ки аз оинаи хотир зидуда намешавад.
Бале, табиати инсон аҷиб аст. Яке сӯзанда асту дигаре созанда….
Шоире дар яке аз кишварҳои Ховари миёна дар бораи кабӯтар шеър менависад. Дар рӯзномаҳо сахт интиқод мекунанд, ки кишвар дар ҳоли ҷанг асту, ӯ аз кабӯтар ҳарф мезанад. Як донишманд дар посухи ин иддаои аблаҳона мегӯяд, агар ҳама шоирон дар бораи сулҳу кабӯтар чанд сатр менигоштанд, шояд ки ҷангу хушунат низ аз байн мерафт ва касе қурбони зулму ҷаҳолат намешуд.
Бонуе , ки мехоҳам дар Рӯзи Модар аз ӯ ёд кунам, аз зумраи хуршедсимои созанда аст, ки ҳамеша аз амали некаш ҷомеа баҳравар будааст. Бо ин шахси наҷиб ҳанӯз соли 2007 ошноӣ пайдо кардам. – Мадалиева Истамой, муассис ва директори ширкати сайёҳии «Бунёд Авиа Тревел»- муаррифӣ намуданд ба камина. Аз суҳбати нахуст дарк кардам, ки хеле кордону заҳматкаш аст. Воқеан истилоҳи «Бунёд» як умр ҳамраҳи ин бонуи табиатан бунёдкор аст…
Бонувоне ҳастанд, ки дар як оила муҳити созгор фароҳам меоранду фарзандони нек тарбия мекунанд. Бонувони дигар бошанд муҳақиқ, муҳандис, табибу омӯзгор, ки ба ҷомеа пайваста манфиаташон мерасад. Вале теъдоди дигари бонувоне ҳастанд мисли апаи Истамой, ки ҳам оилаву ҳам ҷомеа аз файзи баракаташон бархурдор аст. Онҳо бонувони раҳнамоянд, ки зиндагии чанд оилаи дигар ба фаъолияти созандаашон бастагӣ дорад.
Тӯли чанд соле, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти ин бонуи наҷиб огоҳам, борҳо шоҳиди он будам, ки пешорӯи ӯ баъзе соҳибмансабон чӣ садҳои сунъие эҷод намекарданд. Намегузоштанд, ки як тасмими хайрашро, ки ба манфиати ҷомеа аст, анҷом диҳад. Вале рӯҳи ӯ ҳамеша шикастнопазир буд, метавонист бо талошҳои худ ҳама гуна монеаҳоро убур кунад, алайҳи ҳама гуна ноҷавонмардиҳо садо баланд кунад. Дар замири вай оташаке аз қалби муборизи Гурдофарид, Роза Люксембург ва Ходими Ҷамолак фурӯзон аст, ки ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад.
- Шукронаи Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо, ки мақоми занро дар ҷомеа баланд бардоштаанду, соҳибкоронро дастгирӣ мекунанд, - мегӯяд ӯ бо самимият. Ҳамин сиёсати созанда буд, ки корхонаи хушкашӯии «Гулдаста»-ро таъсис додам. Имрӯз беш аз 20 нафар занон дар он фаъолият доранду зиндагиашон таъмин аст. Тарабхонаи миллие, ки бо номи «Бунёд» нав ба фаъолият оғоз кард чанд нафари дигарро низ бо шуғли доими фаро мегирад. Тасмим гирифтаам, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фаъолияти корхонаи коркарди пашмро низ ба роҳ монам. Чаро, маҳсулотеро, ки худи мо истеҳсол карда метавонем, бояд аз Чин биёрем? Фазои кишвар орому, шароит барои соҳибкорӣ мисли имрӯз фароҳам бошад, дар оянда чиниҳо аз мо маҳсулот хоҳанд харид, на мо аз онҳо,- табассум мекунад ӯ.
Аз чеҳрааш дарк мекунам, ки иродаи шикастнопазир ва тасмимҳояш ҷиддианд. Ба андеша фурӯ меравам. Агар ҳатто бонувони мо чунин талош доранд, дур нест рӯзе, ки дар бозорҳои ҷаҳон маҳсулоти хушсифате бо тамғаи «mаde in Tajikistan» пайдо шавад.
Б. Ҳамдам