Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Миллати бофарҳанг

Миллати бофарҳанг

10-05-2018, 08:55
Хабарро хонданд: 576 нафар
Назарҳо: 0
Миллати бофарҳанг
«Мо аз шумо ҷавонон умедҳои зиёд дорем, ки ин амини аҷдодӣ, Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз оянда бо дасти шумо боз ободу зеботар мегардад ва парчами истиқлолияташ ҳамеша парафшонӣ менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон

Ин боварие аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавони ҷомеа дорад.
Пас ҷавонони моро мебояд аз ҳама ҷиҳат ба ин боварӣ сазовор бошанд. Зеро ин сарзамине, ки гузаштагон бо ин ҳама ободиву пешравӣ ва дороии фарҳангу тамаддуни ғанӣ ба онҳо мерос мегузоранд, сазовор бошанду барои ояндагон онҳо низ тавонанд мамлакати ободтару зеботареро ба мерос гузоранд.
Таваҷҷуҳ ба таърихи давлатдории Тоҷикистон дар даврони таҳкими Истиқлолияти давлатӣ далели равшани ин амри воқеӣ аст, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози фаъолияти Пешвои миллат, аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиклолияти давлатӣ Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонд. Ин санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳаё намуд. Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яке аз аввалинҳо шуда ин иқдомро ба роҳ монд. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.
Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хосатан, ҳанӯз дар давраи оғози соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дода, онҳоро ҳамчун неруи азими ҷисмонӣ аз лиҳози рӯҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияии ҳарбии давлатӣ омода менамуданд.
Давлати мо, яке аз кишварҳоест, ки ҷавонон (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) аксарияти аҳолии онро ташкил медиҳанд ва онҳо ҳамчун мутаҳаррики рушди кишваршинохта шудаанд. Ҷавонон танҳо ҳолате сазовори ифтихору шарафанд, ки агар онҳо сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошанд. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад.
Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, ҳукумати кишвар иштироки ҳамаҷонибаи ҷавононро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомузӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Бояд гуфт, ки имрӯз ҳукумати мамлакат сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Махсусан, таблиғи насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкид намудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо дастгири ва кӯмаки давлат ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҷавонони зиёде дар мамолики хориҷа таҳсил доранд. Хондан дар давлатҳои пешрафта, ошноӣ пайдо намудан ба усулҳои нави корӣ ва ба тарзи амалӣ фаъолият намудан дар соҳоти гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакатҳои тараққикарда, ҷавононро ба роҳи наве ҳидоят мекунад. Чунин ҷавонон бо дид ва нигоҳи нав ба ватан баргашта, онро ободу зебо мегардонанд.
Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом расонидаанд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чунонеки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми неруи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».
Парваридани ҳисси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ бояд ҳамеша дар мадди назари волидайн қарор дошта бошад. Ҳоло ки гурӯҳу равияҳои тундгаро дар ин сӯву дар он сӯи ҷаҳон сар бардоштаанд, падару модарон, мо омӯзорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки корро дар ин самт неру бахшида, бикӯшем, ки ҷавонон сайди чунин гурӯҳҳо нашаванд. Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд.
Албатта, ки имрӯз насли калонсол ҳар кореро, ки аз дасташон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар анҷом дода истодаанд. Дар навбати худ, ҷавонон вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Хукумати кишвар ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд.
Имрӯзҳо агар мо ба дастовардҳои илмӣ, фарҳанӣ, варзишии ҷавонон назар афканем, маълумамон мегардад, ки онҳо талош дорад сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Сарвари давлатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд.
«Шумо ҷавонон бояд дарк намоед, ки Ватани муқаддаси моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз худи шумо ҷавонони имрӯза бисёр вобастагии калон дорад». Ин суханони Пешвои миллат ҷуз ҳақиқат чизи дигаре нест. Ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ҷавонони мо имрӯзҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон дар якҷоягӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ нақш ва саҳми худро мегузоранд.
Ман боварии комил дорам, ки ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон, ки аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар мебошанд, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон — Тоҷикистони муосир то абад боқӣ мемонанд.
Т.Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: