Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нури чашми миллатӣ...

Нури чашми миллатӣ...

11-10-2018, 15:08
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Нури чашми миллатӣ...
Дар радифи ҷашнҳои бузурги миллӣ-Иди забони точикӣ ва Рӯзи Муаллим тавъам омадани мавлуди хуҷастаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек маҳсуб меёбад.
Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди боори Ватан, ки сар то ба по хираду маърифатанд тавонистанд асолати забони тоҷикиро баргардонида, ба он арҷ гузоранд.
Эшон аз нафарони соҳибназаре хастанд, ки ҳастии моро бо таълифоти арзишманди худ «Забони миллат-ҳастии миллат» руҳу равони тоза ва равшанӣ меафзоянд.
Ҳамчун фарзанди бедори замон дар эҳёву таҷдиди Роҳи абрешим, ифтитоҳи нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон, ки нишон аз тозакорӣ ва меҳри гарми сарварӣ шаҳодат медиҳад, бо коштани тухми хамраъйӣ рӯзгори моро мунаввару муҷалло медоранд, азизи мамлакат ва дар чашми миллат гавҳари тобанда гардидаанд.
Ниҳодани хишти аввал дар бунёди Сангтуда аз азму ҳиммати пурсамари Сарвари мамлакат аст, ки имрӯз ҳар чароғи хонаи мо нури раҳбари мост.
Феълан иқтидори барқҳои Роғуну Сангтуда ва Норак шуҳрати тоҷику Тоҷикистонро фузуда, халқро бо нури худ анварафшон мекунад. Ҳамзамон баҳри ёрӣ то ба Покистону Афғонистон расида, истиқлолияти энергетикиро ба даст овардаем.
Ҷоиз ба қайд аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун марди доно, тавоною кабир, чун фарди нотакрору шахси камназир, мардумпарвар, ҳалиму меҳрубон, сарбаланду бовиқору бошараф дилҳоро бо як муҳаббати хоса ба даст меоранд, халқи кишвар эшонро хамчу ҷон дар тани хеш тавъам медонанд.
Бо дили поку ниятҳои қавӣ ҳамешагӣ дар ғами фардои кишвар ҳастанд. Намунаи олии ба собит расонидани андешаҳои дар боло зикршуда ҳамоно мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи ВМКБ мебошад, ки азму матонат, заковат, далерию ҷасорати эшон ба халқ нерӯи тоза ва иқтидор мебахшад.
Ифтихор аз он дорем, ки тамоми созандагиву ободкорӣ аз нақши ғайрат ва ҳиммати шоистаи Ҷаноби Олӣ гувоҳгар аст. Ҳар ҷо садри маҷлисҳову маҳфилҳо мешаванд, сухан аз ҳамкориву ваҳдат, аз сулҳу субот, аз рушди босубот пеш меоранд. Бо рағбати том аз сулҳи Тоҷикистон мегӯянду меболанд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамешагӣ дар сафарҳояшон аҳли илму адаб дар сафи пеш қарор доранд. Ҳамасола тавъам бо ҷашни фарруху фархундаи миллӣ -Наврӯзи оламафрӯз бо зиёиёни кишвар мулоқоти заминиву самимӣ ва пурмӯҳтаво доир намуда, аз худшиносиву худогоҳии маънавию таърихӣ ва шинохти асолати миллӣ, ки ҳадаф ба даст овардани ҳамдамиву ҳамдилист, ибрози ақида менамоянд. Ҳамчу сарвар дар парваридани навниҳолони бомаърифату хунарманд, хушзеҳну боирода диққати махсус дода, падарвор меҳри дили хешро дар ҷавҳари ҷони ҷавонон ҷой медиҳанд, то аз забон ва баъдан килки сеҳрофарашон дурру гуҳар бирезад, ба нафъи мардум ва барои эшон суде расонида тавонанд.
Дар радифи ин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо низ азми кавӣ нишон дода, неруи ақлонии хешро баҳри фатҳи қуллаҳои илм равона месозанд ва бо Пешвои муаззами худ азм доранд то ба кайҳон бирасанд.
Хидмати бузурги Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода мегардад, ки бақои зиндагӣ - сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдору побарҷо намуданд.
Имрӯз мо дарк мекунем, ки то чӣ андоза ваҳдат, сулҳу амният коми дил ба бор меорад, маҳз раҳи сулҳу саодат аз роҳи рафоқат устувору побарҷост. Ба туфайли ваҳдат кишвари азизи мо эҳё шудаву равнақ меёбад, ободию созандагӣ, ҳусну таровати зиндагӣ аз сулҳу ваҳдат аст.
Хушбахтона, имрӯз ишқи ҷавонӣ зи ваҳдат гул мекунад, ҳаёти дилкаши мо ғарки нафосат ва модари азиз дар хоби роҳат ва барною пир андар фароғатанд, зеро хуб медонанд ва бовар бар он доранд, ки хуршеди адолат бар сари онҳо дурахшон аст.
Бидуни муҳобо, Сарвари хирадманди давлату миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фарзандони фарзонаи ориётабор ҳастанд, ки покназарӣ ва назари нек дар ниҳодашон маскан гузидаву эшонро нури чашми миллат гардонидааст. Шайх Аттори Нишопурӣ дар сифоти ин гуна инсонҳо фармуда:
Дар ҷаҳон донӣ, кӣ гардад мӯътабар?
Он ки уро пок мебошад назар.
Воқеан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун инсони некназар ва ҳамчун фарзанди дилогоҳ ба миллат ёвару ғамхор буда, дар пайи иҷрои ташаббусҳои созанда ва ояндабини хеш ҳастанд.
Мо -модарону бонувон аз Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ки фуруғи кавкаби миллат, шукӯҳу шавкати давлат, кафили миллату ваҳдат маҳсуб меёбанд, дар ин айеми пурсамар ва расидан ба саҳифаи тозаву пурнакҳати зиндагӣ барояшон тансиҳатӣ, умри пояндаву фархунда ва иқболу саодати бегазанд хоҳонем.


Шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: