Дар ҳама давру замон андешамандон хирадро атои илохӣ дониста, иксири донишро василаи бақо ва тақвиятбахшу посдорандаи он маънидод намудаанд, ки маҳз ба воситаи ин иксир шахси хирадманд рушду такомул мекунад.
Инсон вақте моҳияти инсонии худ ва асли ашёҳову мафҳумҳо, ки ӯро иҳота кардааст, кӣ будани хешро дармеёбад, дар вуҷуди ӯ эҳсоси наҷиби одамият ва масъулиятшиносӣ инкишоф меёбад. Ана ҳамин дарёфт чун ҷавшан барои одамӣ ҷовидонӣ хидмат хохад кард. Ҷомеае, ки бунёдаш аз адлу адолат маншаъ мегирад, ҳамеша, дар ҳама маврид устувору побарҷост!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -фарзанди фарзонаи миллат бо хирадмандии азалӣ ва иқдому ташаббусҳои ояндабину созандаашон дар эҳё, таҷаддуд, ривоҷу такомул ва наҷоти миллати тоҷик саҳми босазо доранд.
Президенти мамлакат, дар сиёсати давлатдории хеш барои қишрҳои гуногуни ҷомеа фазои мусоиди сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва фарҳангӣ эҷод карда, феълан кишвари азиз - Тоҷикистонро дар байни мамоликҳои дигар ба сифати Ҷумҳурии сохибистиқлол демократӣ, ҳуқуқбунёду озод машҳур гардониданд.
Барномаҳои стратегии давлатӣ, дастуру супориш ва тадбирҳои басо ҳадафманду судманд, ки сарвари давлат ва Ҳукумати кишварамон ба таври пайгирона меандешанд, руҳияи халқамонро шод, ҳисси ифтихор, худогоҳӣ, ватанпарварию инсонпарварию инсондустии наслҳои имрӯзу ояндаро боз ҳам афзун мегардонад.
Офтоби шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз бахту иқболу саодати бихиштӣ насибамон гаштааст. Ва ин ҳама муваффақияту музаффариятҳо эъҷози фикри тоза, ҳидоятҳои маънавиасоси Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Вожаҳои Истиқлолият ва Президент дар кишвари ҳуқуқбунёди мо тавъам бо якдигаранд. Истиқлолият ва ваҳдати кулл дар Тоҷикистон якҷоя бо Ҳукумати қонунӣ Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Рахмонро рӯйи кор овард. Ва ин Хукумат, ки ҳадафи асосиаш бунёди ҷомеаи адолатпарвар буд, мардумро ба ояндаи нек, орзуву умедҳои ояндасоз, сулҳу амният, созандагиву ободкорӣ дилгарм сохт.
Бисту ҳафт сол мешавад, ки ана ҳамон дилгармӣ, яьне садоқат, эътимоду боварӣ, эҳтироми самимӣ нисбати Ҳукумати конунӣ ва Сарвари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки истиқлолияти кулл, амну амонӣ, толеъи баланду саодати бегазанд моро думболагир аст. Мардуми сарбаланди тоҷик аз неъмати бебаҳову беназир - Истиқлолият шукрона дорад! Шукргузор аз далату Ҳукумат, аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аст!
Мардуми сарбаланди тоҷик аз неъмати бебаҳову беназир - Истиқлолият шукрона дорад! Шукргузор аз давлату Ҳукумат, аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аст!
Ин ва дигар нуктахо дар барномаи «Назаре ба оина», ки дар мавзуи «Истиқлолият ва Президент» бахшида шуд, мавриди табодули назари намояндагони Парлумони кишвар, МИҲД - и шаҳри Хуҷанд собиқадорони ҳизбу ҳаракатҳо, фаъолони соҳаҳои гуногуни ҷомеа, ҷавонон, карор гирифт ва оид ба нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё, ташаккул ва тахаввул, таҳкиму ҳифозати нодиртарин неъмат - Истиқлолият андешаҳои пурмӯҳтаво баён гардиданд.