Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ин ҷахонро нигар ба чашми хирад!

Ин ҷахонро нигар ба чашми хирад!

27-08-2018, 07:27
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Ин ҷахонро нигар ба чашми хирад!
Сулҳу амният, вахдат, озодӣ, истиқлолият, суботи сиесӣ,ободкориву созандагӣ вожаву ибораҳоеанд, ки ҳастии вуҷуди инсонро дар худ таҷассум намуда, эшонро ба шоҳроҳи ҳаёти босаодат, зиндагии шоиста раҳнамун месозанд.
Соҳиб шудан ба истиқлолият кори осон нест, вале хифозат ва таҳкиму густариши он мушкилтар аз он аст. Оромиву тавҳид, пеш аз ҳама, ба инсонхо умед мебахшад ва онҳоро ба ояндаи дурахшон дилгарм месозад. Рӯйи кор омадани Ҳукумати қонунӣ, ки ҷавҳари аслиаш бунёди ҷомеаи адолатпарвар буд, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон умеду орзуи мардум ва ҷаҳониёнро ба фардои нек, ба амну амонӣ, ваҳдати кулл, бунёдкориву созадагӣ дар сарзамини Тоҷикистони азиз бедор намуд. Ҳадафи аслии давлату Ҳукумати навтаъсис аз он иборат буд, ки мардумро дар дохилу хориҷ ба хам муттаҳид намуда, баҳри баланд бардоштани сатхи некӯаҳволии халқ талош варзанд.
27 сол инҷониб саодат, сарсабзиву хушҳолӣ, ҳаёти орому осуда моро думболагир аст! Шукронаи сулҳу ваҳдат, истиқлолият мекунем. Вале ҳодисаҳои номатлуб-терроризм, ифротгароӣ, хиёнат ба марзу бум, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайридавлатӣ, ки чун вабои аср муаррифӣ меёбад, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ин радиф мо - мардуми шарифи Тоҷикистонро бетараф намегузорад!
Ин ва дигар нуктаҳо дар вохӯрии ҳамҷояи МИҲД-и вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, коркунони мақомоти додситонӣ, амният, шӯъбаи корҳои дохилӣ, олимону зиёиён ва намоянда аз масҷиди Нури ислом бо бошандагони минтақаи микроноҳияҳои 31,32,33,34 дар ташкилоти ибтидоии ба номи Саидҷон Усаров мавриди баррасии доманадор қарор гирифт. Бо сухани ифтитохӣ муовини Раиси МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, даъват ба амал овард, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиракиву хушёрии сиёсиро аз даст надиҳем!
Раиси кумитаи занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд Нигора Ғафурӣ афзуд, ки маҳз дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм занону модарони шарафманди мо, ки рисолати азаливу аслиашон таълиму тарбияи фарзанди солиму солеҳ, худшиносу меҳанпарвар, дорандаи фазилатҳои волои ахлокӣ, тахзиби нафс ва посдории иззат бояд муборизаи оштинопазир бурда, масъул бошанд.
Имрӯз хештаншиносӣ ва ватандӯстиву ватандориро аз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омӯхт. Махз маърифати воло ва адолатгустарии Пешвои миллат буд, ки феълан Тоҷикистон озоду обод умр ба сар мебарад. Ҳама шоду хурсанд, ҳар яке аз паи созандагиву ободкорӣ баҳри татбиқи амалии ғояхои хирадмандона ва ташаббусҳои беназири давлату Ҳукумат камари химмат бастаанд. Вале, мутаассифона, баъзе аз ашхоси бадгавҳару кинаҷӯ имрӯз баҳри он талош доранд, то ба сулху амният ва суботи сиёсии кишвари ороми мо халал ворид созанд, ба амалҳои нопоку носолим даст зада амнияти мардумро ноором созанд.
Тафаккури солиму солеҳ, иршодгару ояндасозу ояндабин дар холе руйи кор меояд, агар ҳамеша дар заминаи донишу маърифати дарккунӣ, муқоисаву баррасихо нашьат ёбад. Таъкид ба ёдоварист,ки дар хама маврид Ҳукумати Тоҷикистон дар робита бо сохтор ва мақомотҳои кудратӣ, ки донишу маърифати воло имрӯз насибашон гаштааст, аз ифротгароён ва ҳодисаҳои хатарзоӣ кишварамонро эмин нигоҳ доранд,»-иброз дошт,дар баромади хеш мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева.
Бо сухани хотимавӣ намояндаи Кумитаи амнияти давлатии шахри Хуҷанд Ф. Сангов баромад намуда,хозиринро бовар кунонд, ки давлату Ҳукумат намегузорад, оромӣ ва амнияти мардум халалдор гардад. Дастҷамъӣ, тафаккури созанда ва робита бо мақомотҳои дахлдор сарчашмаи пирузӣ ва музаффариятҳо алайҳи терроризму ифротгароӣ буда метавонад. Умедворем, халқи соҳибмаърифат ва тамаддунофари тоҷик арзишҳои муқаддаси умумибашариро чун гавхараки чашм эҳтиет хохад кард ва ояндаи шоиставу хасанаро баҳри пасояндагон ба мерос хохад гузошт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: