Аз муаллим ҷони равшан ёфтем9-10-2018, 09:08
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Арчгузорӣ ба забони точикӣ арҷ гузоштан ба миллату давлат аст, зеро забон пояи миллат буда, ҷамъият бе забон ва забон бе ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Каломи аввалин аз модар омӯхта, вақте ба боғчаву мактабҳо меоем, аз нури маъонии мураббӣ ва омӯзгор, ки кони лутфу сидқу шавқу меҳрубонист, ҷони равшан ёфта, соҳиби фазлу ҳунар мегардем. Ва ин ҳама дилбариву дилошноӣ, дилситонӣ, ки дар ниҳоди Ӯст ба мо ба мерос мемонад, то Инсони комил ба воя бирасем, ба халқу Ватан хидмати шоёну шоиста бикунем. Месазад имрӯз баҳри Устодони хеш беҳтарин суханҳоро арзонӣ дошта бошем, ба эшон, ки такягоҳи боварибахш дар шоҳроҳи зиндагии мо маҳсуб меёбанд, ба онҳое, ки меҳрро андар замири қалби мо парвардаанд. Дар радифи фикрҳои боло рӯзи дувум аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аксияро таҳти унвони «Рӯзи Муаллим» давом дода, зиёда аз 1000 нафар омӯзгорнро бо варақаҳои табрикотӣ шодбод гуфта, ба онҳо саломатӣ, сарсабзиву хонаободӣ таманно намуданд. Бобоева Зеварой – Мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исоев Эҳсон – Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.