Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАБОН – РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ АСТ!

ЗАБОН – РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ АСТ!

4-10-2018, 09:02
Хабарро хонданд: 994 нафар
Назарҳо: 0
ЗАБОН – РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ АСТ!

«Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Забон ҳамчун муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон ва рукни асосӣ дар ташаккулёбии миллат ва пешбурду комёбиҳои ҳаёти маънавӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳаёти моддию иқтисодӣ мақоми хосеро ноил гаштааст. Одамон дар кору зиндагии ҳаррӯза тавассути забон бо ҳам мубодилаи афкор мекунанд, илмеро инкишоф медиҳанд ва ба ин васила зиндагиро равнақ мебахшанд.
Замоне арабҳо ба кишвари тоҷикон ҳуҷум карданд ва бо таъсиру фишор забони арабиро ба ҷои забони тоҷикӣ мавриди корбарӣ қарор додани шуданд. Ба ҷои алифбои қадимаи паҳлавию суғдӣ хати арабӣ ҷорӣ карданд. Хушбахтона, ба ҳамаи ин фишору муқобилиятҳо нигоҳ накарда забони тоҷикӣ асолати худро аз даст надод ва ҳамчун забони расмии коргузорӣ дар замони давлатдории Сомониён мавқеашро мустаҳкамтар намуд. Маҳз тавассути забон ва адабиёти оламшумул халқи тоҷик тӯли садсолаҳо асолати миллиашро ҳифз кард.
Рӯдакии бузургвор бо забони ноби тоҷикӣ шеърҳои гуворое гуфтааст; «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки беҳтарин шоҳкории миллист, дар ҳаҷми шаст ҳазор байт бо ҳамин забони асил эҷод шудааст; Абуалӣ ибни Сино низ асарҳояшро бо забони модариаш-тоҷикӣ эҷод кардааст.
Яке аз омилҳои асосии муваффақияти мардуми тоҷик дар он аст, ки бо такя ба таъриху тамаддуни пурғановати худ тавонист миллатро дар атрофи ғояи ваҳдати миллӣ муттаҳид созад. Гарчанде тӯли ҳазор сол мавқеи тоҷикон дар корҳои давлатдорӣ то андозае маҳдуд гардид, вале бе иштироки онҳо ҳеҷ давлате корҳои идориашро пеш набурдааст. Тоҷикон ҳамчун мардуми босаводу бофарҳанг мартабаҳои вазирӣ, мирзогӣ, қозигӣ ва ғайраро ба уҳда доштанд. Ҳамчунин, забони тоҷикӣ забони расмии коргузори дарбори тамоми давлатҳое буд, ки то асри 20 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ташкил шуда буданд. Аз ин сабаб аҷдодони тоҷикон забони ширину шоиронаи худро ҳифз намуда, суннатҳои адабию фарҳангӣ, андешаи миллӣ ва асолати таърихиашонро нигоҳ дошта тавонистанд.
Маҳз арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги пурарзиши ниёгон, ки забон яке аз унсурҳои асосии он мебошад, намояндагони бузурги қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба майдон овард, ки онҳо тавонистанд маданияту маърифати гузаштагон, таърихи миллатро то ба мо оварда расонанд. Эҷодиёти оламшумули мутафаккирони гузаштаи мо ба монанди Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон пандномаи на танҳо миллати тоҷик, балки тарбиятгари мардуми ҷаҳон гаштааст.
Имоми Аъзам Абӯҳанифаи тоҷик бо заковати фитрии худ ба дурустӣ дарёфт, ки урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ метавонанд сарчашмаи муассири танзими зиндагӣ ва иҷтимоиёти одамон гардад, зеро ин арзишҳо ҳосили таҷрибаи тӯлонӣ буда, дар масири таърих бо заковату хиради таърихӣ мақоми боарзишеро соҳиб гардидаанд. Имоми Аъзам тавонист, ки шаҳомати забони тоҷикиро дар баробари забони арабӣ нишон диҳад. Ба ӯ муяссар гардид, ки нияти намоз барои мардумони форсизабон ба забони тоҷикӣ иҷозат дода шавад, ки бо ин васила забони тоҷикӣ дар қатори забонҳои ҷаҳонӣ бошукӯҳу шаҳомат ва маълуму машҳур гардид.
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлат бо доштани забо¬ни миллии худ пойдор мемонад. Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз бо забон ва фарҳанг мешиносанду эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забон ва таърихи гузаштааи мо дар ҳама давру замон боиси ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад.
Дар охир, зикри суханони нависандаи бузурги рус М.А.Шолохов хеле бамаврид аст: «Азимтарин сарвати халқ забони ӯст. Ҳазорон сол дар сухан хазинаи бешумори андешаву таҷрибаи одамизод ҷамъоварӣ мешавад ва зиндаву ҷовид мемонад…».


Муборак Мирзоалиева,
Баҳрулло Холов,
ассистентони кафедраи фанҳои гуманитарии
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди
Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: