
Вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор» Сафаров Манучеҳр ва иштирок ва суханронӣ карданд.
Оид ба масъалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирузи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхе, ки мардуми тоҷик дар солҳои аввали истиқлолият аз сар гузаронид, ҳанӯз бадхоҳоне ҳастанд, ки сӯистифода аз дину мазҳаб мардумро бар зидди давлату миллат шуронида бо ин мақсад мехоҳанд сенарияи солҳои навадум такрор шавад. Аммо миллати тоҷик дубора ин фиребро намехӯрад, зеро мардуми сарбаланд ва заҳматкаши тоҷик аз гузаштаи вазнини хеш таҷрибаи зиёде дорад.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки моро зарур аст то тамоми нерӯи худро барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиклолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат ровона намоем.