ШАҲРИ КӮЛОБ КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА 20 СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ6-04-2017, 12:14
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ш. Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар толори фарҳангии коллеҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар кори Конференсия роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Шафиев Фарҳод, мудири Шӯъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханрони намуданд. Дар рафти вохӯрӣ омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ маърузаҳо намуданд. Инчунин, аз тарафи дониҷӯён порчаҳои шеърӣ дар васфи ваҳдати миллӣ, сурудҳои фалакӣ ва ватандӯстона баҳри болидагии хотири ҳозирин қироат намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.