Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омодагиҳои сокинони Деваштич ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагиҳои сокинони Деваштич ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-08-2018, 08:54
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Омодагиҳои сокинони Деваштич ба истиқболи 30 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯзҳо аксарияти сокинони меҳнатқарину ватандӯсти кишвари маҳбубамон чун ҳамешагӣ ташаббусҳои азалан хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намуда, дар татбиқи амалии сиёсати давлативу Ҳукумат камари ҳиммату саховатро беш аз пеш мустаҳкамтар бастаанд. Мавриди тазаккур ва боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат барои сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо ҳамин роҳ вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ баҳри баланд гардидани иҷтимоиёту иқтисодиёти аҳолии мамлакат ва боз ҳам афзудани обрӯву нуфузи Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ, боз як ташаббусу иқдоми беҳтарин зоҳир намуда, санаи 19-уми декабри соли 2017 Фармони хешро таҳти №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расониданд.
Мардуми ноҳияи Деваштич низ аз ин санади таърихӣ ва аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 22.12.2017 сол ироа гардида буд, руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани макону диёри хеш корҳои бунёдкориву азнавсозиро оғоз намуданд. Алалхусус дар мулоқоте, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12.05.2018 сол баргузор гардида буд, ду нафар сокинони фаъоли ноҳия (Садрӣ Файзиев ва Ҳусайн Мӯсозода) ба Пешвои муаззами миллат ваъда дода буданд, ки дар қатори дигар мардуми шарафманди диёр дар гузоштани хишти ободиҳои истиқлолият ҳиссагузор гардида, маҳсули саховатмандии хешро барои ноҳияву мардуми он бебозгашт хоҳанд дод.
Инак, муддати на он қадар тӯлоние паси сар шуду зодагони бунёдкору бо нангу номус чун ҳамешагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар баҳри насли ояндаи хеш бо дасткушодию ҳимматбаландӣ ба шукуфонии Ватани хеш рӯй овардаанд. Ҳатто саховатпешагоне, низ ба майдони бузурги ободиҳои истиқлолият ворид гардиданд, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои наслҳои имрӯзу оянда иншоотҳои таъиноти гуногуни заруриро бунёд гузошта, бебозгашт барои баҳрабардорӣ месупоранд, ин ҳам бошад аз ҷониби соҳибкор Файзиев Садрӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохта ба истифода додани бинои нави беморхонаи 4 ошёна бо таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ба маблағи зиёда аз шаш миллион сомонӣ дар деҳаи Далён, аз ҷониби Ҳусайн Мӯсозода бунёд намудани роҳи нақлиётии Мӯрияк ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ, бунёду ба истифода додани бинои таваллудхона барои 10 кат аз ҷониби Мизоҳаким Калонов дар деҳаи Росровут ба маблағи як миллиону 200 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби соҳибкор Абдуллоев Тӯйчӣ таъмири муассисаи таълимии миёнаи умумии №13-и деҳаи Зарнисор ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ва Фозилова Маҳтоб, ки аз ҳисоби маблағҳои сафари ҳаҷ пули мошингузарро барои мардуми деҳаи Метк сохта ба истифода супориданд.
Ҳамзамон мавриди таваҷҷуҳ аст, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар миқёси ҷумҳурӣ тариқи ҳашар дар бунёд намудани ин ё он иншооту биноҳо шуҳратёр гардида, ҳоло низ пешсафиро аз даст надода, ба истиқболи ҷашни истиқлолияти давлатӣ 4 синфхонаи иловагиро барои 120 нафар хонанда дар назди Гимназияи №3-и деҳаи Далёни Боло, 6 синфхонаи иловагиро барои 150 хонанда дар назди МТМУ №27-и деҳаи Метк, 5 синфхонаи иловагиро барои 150 хонанда дар назди МТМУ №46-и деҳаи Овчӣ, 20 синфхонаи иловагиро дар назди МТМУ №8-и деҳаи Далёни Боло барои 320 нафар хонанда ва бунгоҳи тиббиро дар деҳаи Анборғоз тариқи ҳашар сохта ба истифода месупоранд. Чунин сарҷамъии сокинон гувоҳи он аст, ки аъзои баору ватандори ҷомеа аз ояндаи неки насли наврасаш бетараф набуда, пайрави ташаббусҳои ободкорию созандаи Роҳбари хирадманди Тоҷикистони азизамон мебошанд.
Ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, бобати баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, сокинони ноҳия низ фаъол буда, истиқоматкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти Далёни Боло, Ваҳдат, Росровут ва Исмоили Сомонӣ зиёда аз даҳҳо километр роҳҳои байнидеҳавию ҷамоавиро аз таъмири ҷорӣ бароварда, мумфаршу қумпӯш намуданд.
Ободию бунёдкориҳои фавқуззикр, ки дар миқёси ноҳияи Деваштич дар 8 моҳи соли ҷорӣ рӯи кор омаданд, қатрае буданд баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чунин ташаббускорию сарҷамъии мардуми ноҳия низ аз эътибори дақиқназаронаи роҳбарияти олии кишвар дур намонда, инчунин дар ноҳия зиёда аз 40 лоиҳаҳо бо маблағгузории давлатӣ ба маблағи наздик ба 250 миллион сомонӣ мавриди татбиқёбӣ қарор доранд, ки то ҷашни пуршукуҳи таърихии миллию давлатӣ туҳфаи беназиру беҳтаринест барои сокинони ватандӯсту ободгари ноҳияи зебоманзари Деваштич.
Ниҳоят, бо хулосабарорӣ аз пешравиҳои воқеие, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакату аҳолӣ нигаронида шуда, аз фаъолияти самараноки давлату Ҳукумат дарак медиҳаду ҳамраъйии шаҳрвандону ҷавонмардони бунёдкорро ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, бояд қотеъона ҷаҳд намоем, ки сафи ғамхорони миллату давлат афзун гардида, барои наслҳои оянда Ватани зебову шукуфон ба мерос гузошта шавад. То он ки душманони давлату миллат ва давлатҳои ба ном «дӯст» бинанду шоҳиди он гарданд, ки Ваҳдати миллии сокинон шикастнопазир аст, Истиқлолияти давлатӣ абадан пояндаву устувор аст, мардуми шарафманду хештаншиноси Тоҷикистон дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулиятшинос аст ва сиёсати роҳбарияти олии кишвар сиёсати намунавию ҷадиду беҳтарин аст.

Комрон Исмоилзода – ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: