Муроҷиатномаи аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба амали ноҷавонмардонаи нохалафон дар куштори сайёҳони хориҷӣ1-08-2018, 08:18
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Бо шарофати Истиқлолият солиёни зиёд аст, ки мардуми тоҷик дар фазои озод умр ба сар мебаранд. Хушбахтона кишвари мо дар давраи Истиқлолият рӯ ба тараққӣ ниҳода, сокинони мамлакат бо шукргузорӣ аз тинҷию амонӣ пайи зиндагии ҳалоланд. Боиси нороҳатист, ки ин ғамхориҳо ва пешравиҳоро баъзе аз нохалафон нодида мегиранд ва ҷомеаро бо амалҳои ношоистаи худ халалдор месозанд. Ноҷавонмардона аз тарафи ашхоси шомил ба ДИИШ, ки чор тан аз сайёҳони бегуноҳро ба қатл расонида, имрӯз худро «қаҳрамон» меҳисобанд, мо нисбати эшон нафрин мехонем, онҳо инсонҳои солиму солеҳ нестанд, гумроҳу раҳгумзада, беору беномус, бевиҷдону беимон.... Аломатҳои аҳриманӣ - рашк, хашм, кина нопокдинӣ, носипосӣ, бедонишӣ дар ботини эшон маскан гузида. Мақсади нопоки онҳо якест: дунёи инсонҳоро тираю тор созанд... Эшон аз сохибдилӣ, ихлосу сипос, покравӣ, сарбаландӣ ва волоназарӣ фарсахҳо дур ҳастанд! «Гурӯҳи сарбозони хилофат» дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне мебошанд, ки аз ҷиҳати нотавонӣ кинаву адоват меҷӯянд, ки ин яке аз пастиҳои башарист. Яъне аз гӯшаи нотавонӣ ба дил бадиро ҷой доданд ва дар пайи хиёнати нафарон - сайёҳони бегуноҳ ва ноҷавонмардӣ шуданд. Эшон ҷасорату мардонагии хешро дар ноҷавонмардӣ мебинанд, ки ин ба иззату шаъни инсонӣ ва бузургӣ созгор нест! Онҳо бо ин амали аҳриманӣ ва нопок бори дигар ба собит расониданд, ки соҳиби фазилатҳои волои ахлоқӣ, таҳзиби нафс ва посдории меҳану меҳандорӣ нестанд. Ҳар рӯз дар талошу ҷустуҷӯ нестанд... зархаридоне ҳастанд, ки бо амру фармоиши зархаридони дигар ба амалҳои нобахшиданӣ даст мезананд, фикри мустақили хешро надоранд, онҳоро ба мазраае ташбеҳ бояд дод, ки омода нест ва бар он тухм афшондан бефоида аст. Тафаккури солиму солеҳ, иршодгару ояндасозу ояндабин дар ҳоле рӯйи кор меояд, агар ҳамеша дар заминаи донишу маърифати дарккунӣ, муқоисаву баррасиҳо нашъат ёбад. Сад афсӯс..., ки ин вежагиҳо хоси ин гуна афрод нест! Даст задани ин ашхос ба куштор шаҳодат бар он аст, ки онҳо аз муваффақият, ташаббусҳои беназири давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки баҳри беҳдошт ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум нигаронида шудаасту комёбӣ ва дастовардҳои беназир ба шумор меоянд, халал ворид намуда, бад-ин васила мехоҳанд Тоҷикистонро ба чашми давлатҳое, ки бо мо робитаи дустӣ доранд, ноорому ноосуда ва хатарзой муаррифӣ намоянд, вале бе хабар аз онанд, ки кишвари мо дар ҳама маврид метавонад худро аз ин дасисабозиҳои бемаънӣ эмин нигоҳ дошта бошад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва фаъолони он аз марги сайёҳони хориҷӣ, ки ба дасисаи чанд тан аз нобакорону зархаридон ҷон ба ҷаббор супурданд, андуҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони онҳо сабри ҷамил аз даргоҳи Худованд хохонанд. Мо аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳар вақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва фаъолони он амали ноҷавонмардонаи нохалафонро маҳкум мекунад. Муроҷиатнома дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 31 июли соли 2018 қабул карда шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.