
Ҳукумати Қазоқистон омода аст, мавқеи ду гузаргоҳи марзиро бо Қирғизистон аз дусамта ба бисёрсамта тағйир диҳад. Ин тағйирот ба гузаргоҳҳои "Сартобе" ("Токмок") ва "Аухаттӣ" ("Кенбулун") дахл хоҳад дошт.
Дар ин бора сарвазири Қазоқистон Бакитҷон Сагинтаев дар 7-умин ҷаласаи шӯрои байниҳукуматии ду кишвар рӯзи 17 август дар Остона хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ин ташаббусро ҷониби Қирғизистон пешниҳод кардааст.
"Ин тағйирот имкон медиҳад, ки тавоноии гузаргоҳҳо афзоиш ёбад", - гуфт сарвазири Қазоқистон.
Дар марзи байни Қирғизистону Қазоқистон 4 гузаргоҳи байналхалқӣ ва 4 гузаргоҳи дусамта фаъолият мекунад. Ҳамарӯза аз ин гузаргоҳҳо тақрибан то 30 ҳазор одам убур мекунад.
Бузургтарин гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар гузаргоҳи "Оқ-Жол" аст, ки дар наздикии шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷойгир аст.
Дар мавсими сайёҳӣ марзи ду кишварро ҳамарӯза то 70 ҳазор одам убур мекунад.