Русия 130 вагони Украинаро, ки ба Қазоқистону Қирғизистон мерафтанд, боз дошт16-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Русия 130 қатореро, ки аз Украина ба Қазоқистон ва Қирғизистон мерафтанд, дар марз боз доштааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба маъмурияти роҳи оҳани "Укрзализнится".
Ин қаторҳо ҳоло дар гузаргоҳҳои марзии Украина ва Белорус дар мондаанд. Қаблан вазорати рушди иқтисод ва савдои Украина гуфта буд, 59 қаторе, ки бояд ба Қазоқистон ва Қирғизистон интиқол меёфтанд, дар марзи ин кишвар бо Русия боз дошта шуда, 55 қатори дигар ва наздики 50 мошини боркаш дар марзи Белорус ва Русия банд шудаанд. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, "Укрзализнится" барои интиқоли коло масири дигареро бо номи "Роҳи абрешим" пешниҳод дорад, ки аз қаламрави Украина, Гурҷистон ва Озарбойҷон мегузарад. Ёдрас мешавем, 1 июли соли равон Русия дар робита ба транзити моли Украина аз қаламраваш маҳдудиятҳои наверо ҷорӣ намуд. Аз ҷумла муҳлати таҳрими маводи ғизоӣ дар робита ба як қатор молҳои Украина, бахусус маҳсулоти ғизоию таблиғотӣ то 31 декабри соли 2017 дароз шуда, ҳамчунин транзити мол ба Қазоқистону Қирғизистон маҳдуд ва интиқоли моле, ки таҳрим аст, комилан манъ гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.