ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои офтобӣ мешавад26-05-2018, 10:01
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Май 26, 2018 09:08 ДУШАНБЕ, 26.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27 — 28 май дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусод гашта, пастшавии ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа дар назар аст. Вазиши сахти шамол дар Вилояти Хатлон то 20-25 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд. Имрӯз, 26 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +30 +35 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +20 +25 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 10+15 ва рӯзона ба 26+31 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +29 +31 дараҷа ва шабона +12+14 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.