Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Набераи Назарбоев президенти куҳнавардон шуд

Набераи Назарбоев президенти куҳнавардон шуд

1-08-2017, 09:13
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Набераи Назарбоев президенти куҳнавардон шуд
Нуралӣ Алиев, набераи калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев президенти Федератсияи куҳнавардон ва варзиши куҳнавардӣ интихоб шуд. Алиев дар гузашта муовини ҳокими шаҳри Остона буд.
Сомонаи федератсияи куҳнавардӣ хабари ба ин мақом интихоб шудани набераи президентро 27 июл нашр кардааст. Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева - духтари Нурсултон Назарбоев аст, ки аз моҳи декабри соли 2014 то марти 2016 муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Моҳи апрели соли 2016 номи Алиеви 32-сола дар "бойгонии Панама" - нашри иттилоъ дар бораи суратҳисобҳои бонкии сиёсатмадорон ва тоҷирон дар офшор, пайдо шуд. Дар бархе аз кишварҳо нашри ин иттилоъ боиси ҷанҷолҳо ва истеъфоҳо шуд. Дар Қазоқистон иттилои мазкур ҳеч сару садое барпо накард. Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки аз рӯи ин қазия таҳқиқро оғоз накардааст, зеро "далелҳои муътамаде дар бораи манбаи иттилои мазкур вуҷуд надоранд".

М.Камолова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: