Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАХОҲАНД РАСИД. Изҳороти Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАХОҲАНД РАСИД. Изҳороти Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”

1-08-2018, 14:39
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАХОҲАНД РАСИД. Изҳороти Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”
Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” амали ноҷавонмардонаи як гуруҳ хоинонро, ки боиси марги 4 нафар ва захми шудани 2 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гардид, қотеона маҳкум менамоянд. Ин амали даҳшатбор, ки дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи хоинони миллат роҳандозӣ гардид, баёнгари нотавонбинӣ ва ҳасодату душманӣ дар баробари рушду инкишофи Тоҷикистон ва иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Чунин рафтор бевосита душмани халқу миллат будани гуруҳҳои ифротиро ба намоиш гузошт.
Зимнан, аз ҷониби ДИИШ ба уҳда гирифтани ин ҳодиса ва дар айни замон аъзои фаъоли ҳизби террористии наҳзати исломӣ будани саркардаи ҷинояткорон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиҳо ба хотири ноором кардану ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ДИИШ комилан якҷо шудаанд. Ин ба ҳамон усули оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум сахт монандӣ дорад. Дар он замон низ наҳзатиҳо маҳз фитнаро аз куштани шаҳрвандони хориҷӣ ва ба гаравгон гирифтани онҳо оғоз карда буданд.
Ин агар аз як ҷониб ҳушдор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бо ном “ҳуқуқи башар” бошад, ки муносибати духура бо гуруҳҳои иртиҷоӣ доранд, аз дигар ҷониб ҳушдор ба мо мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонон аст, ки дар баробари гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, хусусан фитнаҳои наҳзатиёну хоҷагони хориҷии онҳо ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро кӯшиши ин хоинону мардумфиребон ба заиф сохтани пояҳои давлатдории миллиамон аз роҳи зарба задан ба манфиатҳо ва муқаддасоти миллии мост. Ин хоинон ба ҳеҷ ваҷҳу ҳеҷ фитна наметавонанд миллати тоҷикро аз роҳи рушду ободонӣ ва даст ёфтан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ баргардонанд.
Ин ҳодиса ҷавонони сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла мо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро аз гузашта дида бештар атрофи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид сохт. Мо фарзандони миллати тамаддунофар таҳти ин сиёсати одилонаву оқилона, алорағми ҳама тангназарону бадхоҳон дар роҳи рушду ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол муваффақ хоҳем шуд.
Бори дигар мо ҷавонон – Созанадгони Ватан амали ваҳшиёнаву ғайриинсонии гуруҳҳои террористӣ дар ноҳияи Данғараро маҳкум сохта, ба наздикони сайёҳони фавтида изҳори ҳамдардӣ менамоем.

Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”
шаҳри Душанбе, 31.07.2018
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: