Бузургон дар васфи зиндагӣ30-07-2018, 09:42
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 0
Дар зиндагӣ ягона чизи арзанда ишқ ва кор аст. Кор низ як навъи махсуси ишқ аст. * * * Зиндагӣ ҳам он лаҳзае сар мешавад, ки мо наздик будани анҷоми онро дарк мекунем. * * * Афсӯс! Ҳамеша маҷбур мешавӣ бо онҳое, ки сахт дӯсташон медорӣ, дар муноқиша бошӣ, ҳам дар ишқ ва ҳам дар муносибати модар бо фарзанд. * * * Зиндагӣ чизи аҳмақонаест мо хеле зиёд ҳамдигарро мебинем, вале ҳаргиз фурсати онро надорем, ки ба таври лозимӣ ҳамдигарро назора кунем. * * * Пул ҳамон қадаре лозим аст, ки худро таҳқиршуда ҳис накунӣ. * * * Бадбахтона, зебоӣ барои зан лозим аст. Ҳар қадар ӯ ботинан зани арзанда бошад ҳам, агар зоҳираш бо он мувофиқат накунад, мард ба арзишҳои ӯ пай нахоҳад бурд. Ин ақидаи маро дар хусуси он ки эҳсос дар ишқи мардҳо нақши муҳим дорад, тақвият мебахшад. * * * Ишқи ҳақиқӣ мегӯяд: «Маро дӯст дор, вагарна аҳволам бад мешавад». Вале эҳсоси кӯр-кӯрона мегӯяд: «Маро дӯст дор, вагарна аҳволат бад мешавад». * * * Бахт мисли шапалак аст, аз қафои инсон намедавад, одам бояд аз паси вай бидавад. * * * Агар ба шумо матни суханронӣ навиштан лозим бошад, ба мардҳо муроҷиат кунед, вале агар кореро анҷом додан лозим аст, ба занҳо рӯ оред. * * * Мо наметавонем кай ва чӣ гуна мурданамонро интихоб кунем. Мо метавонем танҳо чӣ гуна зистанамонро муайян намоем. * * * Мо наметавонем корҳои бузургро анҷом диҳем, танҳо метавонем корҳои хурдро бо муҳаббати бузург иҷро кунем. * * * Агар шумо ба муҳокимаи одамон шурӯъ кунед, ба шумо барои дӯстдоштани онҳо фурсат намемонад. * * * Ман худро қаламе дар дасти Худо эҳсос мекунам. Худо бо мо менависад ва хуб менависад, ҳар чанд мо он қадар олоти мукаммал нестем. * * * Да нахустин фурсат мард ҳамаи масъулиятро ба дӯши зан гузошт. Фирдавси Абдураҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.